Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар Амрико соҳиби як порча замин шуд


Баъд аз рузи ҷумъа, 26 март дар Вашингтон вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Колин Пауэлл вохурда, ҳамкориҳои байни ду кишварро мавриди баҳс қарор дод. Сипас Талбак Назаров маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтонро мизбонӣ намуда, дар паёме ба меҳмонон гуфт: "Суҳбати мо сермуҳтаво буд. Мо бо таваҷҷуҳ масъалаҳои амнияти минтақаро баррасӣ кардем, аз ҷумла мушкили Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзёбӣ шуданд ва таври маъмул мо дар баҳодиҳиву баррасии руйдодҳои олам назари муштарак дорем. Ҷанобону хонумон бори дигар иҷозат фармоед шуморо хайрамақдам гуфта, орзу намоям, ки ин хонаи Тоҷикистон хонаи шумо ҳам шавад ва ҳар яки шумо талош хоҳед варзид, ки ҳамкории шумо бо Тоҷикистон тараққӣ намуда, мундариҷаи нав пайдо кунад."
Дар мулоқоти Талбак Назаров бо Колин Пауэлл сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида Ҳамрохон Зарифов ва намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Рашид Олимов ва муовини ёвари котиби давлатии ИМА Линн Паско ширкат доштанд. Дар як суҳбати ихтисосӣ аз Лин Паско хоҳиш кардам роҷеъ ба мавзуҳои баҳси Талбак Назаров ва Колин Пауэлл иттилоъи бештар диҳад.
Вай гуфт: "Яке аз он масъалаҳое, ки онҳо баҳс карданд, он имконоте буд, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон фароҳам овардааст. Онҳо дар бораи сохтмони роҳҳо ва пуле, ки Амрико дар болои руди Панҷ бунёд мекунад, табодули назар карданд. Ин лоиҳа тиҷорати минтақавиро тараққӣ дода, роҳ ба бандарҳоро боз мекунад. Аҳамияти фавқуллодаи ин лоиҳа дар он аст, ки татбиқи он минтақаи Осиёи Марказиро бори дигар ба чорроҳаи тиҷорат табдил медиҳад."
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар идомаи сафараш бо дигар мақомоти баландпояи ИМА мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG