Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдонҳои минакоришудаи марзӣ боз се навраси тоҷик кушта шуд


Маъсум Имомов

Таркиши навбатии минаҳои зиддипиёданизоми Узбакистон дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар марзи Исфара шоми панҷшанбе, 25 март ҷони се навраси тоҷикро аз байн бурд. Бино ба иттилоъи идораи умури дохилаи вилояти Суғд, се сокини навраси деҳаи Қизилтиллои ноҳияи Исфара Муҳаммад Бобоев, Эргашалӣ Мусоев ва Анваралӣ Мусоев ду бародар, ки аз 12 то 15 сол доранд, дар маҳалли зисти худ бо инфиҷор ру ба ру шудаанд. Ҷобир Тураев, сардори шуъбаи навбатдории умури дохилаи Суғд гуфт, ҳодиса дар дохили қаламрави Тоҷикистон дар маҳалли наздимарзии деҳаи Қизилтиллои ноҳияи Исфара 130 километраи Хуҷанд рух додааст.
Соли равон ин ҳаштумин маротиба аст ,ки дар хатти марзи байни Тоҷикистон ва Узбакистон садои таркиши минаҳои аз ҷониби Узбакистон хобонидашуда ба гуш мерасад. Бар асари ин таркишҳо 8 сокини Тоҷикистон аз Конибодому Исфара ва Ашт кушта шуданд.
Вале аз оғози марзҳояшро майнкорӣ кардани Ӯзбакистон аз соли 2000, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ворид гаштани дастаҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвар гуфта мешавад, теъдоди умумии шаҳрвандони аз инфиҷори минаҳои марзӣ кушташудаи Тоҷикистон ҳадди аққал ба 68 ва захмишудагон ба 50 расидааст.Наздикони қурбониёни минаҳои марзии Узбакистон мегуянд, қисмати умдаи таркишҳо дар дохили қаламрави Тоҷикистон ва манотиқи баҳсноки марзӣ наздик ба макони зисти одамон ва маҳалхои чарогоҳ рух додааст.
XS
SM
MD
LG