Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мина як навраси 10-солаи тоҷикро кушт


Маъсум Имомов

Дар натиҷаи таркиши минаҳо дар хати марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияҳои Конибодом ва Исфара як тифли тоҷик кушта ва ду сарбози неруҳои ҳавоии Узбакистон захмӣ гаштаанд. Шоҳмухтор Умаров, сарвари ситоди идораи умури дохилаи вилояти Суғд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, навраси даҳсолаи тоҷик Рашид Умаров, сокини деҳаи Янгиработи ноҳияи Конибодом субҳи 23 март ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаи наздимарзӣ ба минаи Узбакистон бархурда, ҷони худро аз даст додааст. Дар натиҷаи ин инфиҷор гови бонии у низ ба ҳалокат расида, хушбахтона ду тифли дигар, ки дар маҳали таркиш будаанд, осеб надидаанд.
Аммо дар ҳамин ҳол чатрбозони узбакистонӣ болои майдонҳои минакоришуда фуруд омада, аз таркиши мина ҷароҳат бардоштанд. Тибқи иттилоъи идораи умури дохилаи вилояти Суғд, яке аз сарбозони маҷруҳшуда дар бемористони ин вилоят бистарӣ мебошад. Ба иттилоъи кумитаи амнияти вилояти Суғд, десантчии дуюми маҷруҳшуда ба кишвараш интиқол дода шудааст. Бисту се сарбози неруҳои ҳавоии Узбакистон зимни як тамрини ҳарбӣ дар 2 километрии қаламрави Тоҷикистон дар хоки ноҳияи Исфара фуруд омаданд ва ҳукумати Тоҷикистон инро як амри тасодуф дониста ва рузи 25 март ба тамоми сарбозон иҷоза додааст ба кишварашон баргарданд.
Аммо то кунун дар натиҷаи инфиҷори минаҳои наздимарзӣ беш аз 62 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 50 нафари дигар захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG