Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни аъзои Ал-Қоида нестанд


"Дар байни ҷанговари Ал-Қоида ва Толибон, ки дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистону Покистон пинҳон шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд." - чунин аст посухи мақомоти Тоҷикистон ба навиштаҳои баъзе расонаҳои хабарӣ, ки мегуянд, тоҷикон, узбакҳо ва чеченҳо низ дар байни ошубгарони Ал-Қоидаву Толибон дар минтақаи Вазиристони Ҷанубӣ пинҳон шудаанд. Муовини дабири Шурои амнияти Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин як овозаи беасос мебошад.
Вай афзуд: "Ман (ин гуфтаро) тасдиқ намекунам, ки дар он ҷо бачаҳои тоҷик бошанд. Ин гапҳо ҳама овозаи бардуруғ мебошанд. Фарзандони тоҷик дар Русия ва дар дигар мамлакатҳо кор карда истодаанд. Дар асл бигирем, размандаҳои мухолифини собиқи тоҷик низ дар он ҷо ҳамроҳи Ҳаракати Исломии Узбакистон набуданд ва нестанд."
Акоша Кабирӣ яке аз намояндагони олирутбаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин гуна иддаоҳо рад кард. Вай гуфт: "Он хабарҳое, ки дар расонаҳо пахш мешаванд, ки гуё размандагон ё намояндагони собиқ оппозитсия дар Ал-Қоида дар Покистон ва дигар ҷойҳо ҳастанд, ин албатта ахбори ғалат аст. Ҳамаи онҳое, ки бо мухолифин иртибот доранд, дар дохили Тоҷикистон ҳастанд ва агар мутаасифона ягон шаҳрванди Тоҷикистон бошад, бо мухолифин ягон рабт ва дахолат надорад. Фикр мекунам, ин ахбори муғризона буда, ба хотири ноором кардани минтақа пахш мешавад."
XS
SM
MD
LG