Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон фуруди чатрбозони узбак ба хоки кишварашонро тасодуф медонанд


Бисту се сарбози неруҳои десантии Узбакистон ҳангоми машқи низомӣ ва беиҷозаи мақомоти Тоҷикистон субҳи 23 март дар хоки ноҳияи Исфараи ин кишвар фуруд омадаанд. Низомиёни Узбакистон гуфтанд, ки фуруди чатрбозон ба хоки Тоҷикистон як тасодуф ва сабаби он бод буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд бо вуҷуди мувофиқати ду кишвар дар мавриди огоҳ кардани ҳамдигар аз баргузории машқҳои низомӣ, ҷониби Тоҷикистон аз оғози тамрин дар наздикии марзи хеш огоҳ карда нашуда буд.
Абдуҷаббор Ҳомидов, муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса сабаби ташвиши кишвараш нест, зеро Узбакистон давлати дуст бо Тоҷикистон аст.
Ҳомидов афзуд, сарбозони узбак дар қароргоҳи як қисми низомии марзбонони тоҷик ҳастанд ва бо дархости мақомоти Узбакистон ба кишварашон баргардонда мешаванд. Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи марзбонӣ, мақомоти кишвари ҳамсоя бо марзбонони тоҷик тамоси телефонӣ гирифта, хоҳони ба Узбакистон пас фиристодани чатрбозон шуданд, аммо ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, танҳо дар сурати муроҷиати расмӣ ва хатти иҷозаи бозгашт ба сарбозони узбакро хоҳад дод.
Вале тибқи хабари "Итар Тасс" раиси Кумитаи марзбонии Узбакистон Ғафур Тешаев дар мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ аз фуруди неруҳои кишвараш ба хоки Тоҷикистон изҳори беиттилоъӣ кардааст.
Моҳи марти соли 1993 низ десантҳои Узбакистон бидуни огаҳии пешакӣ дар хоки вилояти Оши Қирғизистон фуруд омада буданд.
XS
SM
MD
LG