Пайвандҳои дастрасӣ

Талбак Назаров ба Амрико сафар кард


Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рузи чоршанбе ба қасди Вашингтон Душанберо тарк гуфт. Қарор аст, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи сафоратхонаи Тоҷикистон дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида ширкат кунад.
Игор Сатторов, сухангуи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин робита мегуяд: "Ҳадафи аслии сафари Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида ширкат дар маросими расмии кушодани бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вашингтон мебошад. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни ин сафари худ ҳамчунин имкони баргузории мулоқот бо як қатор мақомоти Иёлоти Муттаҳидаро пешбинӣ кардааст."
Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида дар як соли пеш ба дунболи нахустин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида таъсис шуд. Интизор меравад, расми ифтитоҳи бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вашингтон рузи шанбеи 27 март баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG