Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти густарда барои ихроҷи муҳоҷирини ғайриқонунӣ аз Русия шуруъ шуд


Хабаргузории "Итар Тасс" аз вилояти Барнаули Русия хабар додааст, ки мақомоти интизомии минтақаи Олтой ба як амалиёти густарда ба зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шуруъ кардаанд. Мақомоти милисаи Олтой мегуянд, 30 дар сад аз ҷамъи муҳоҷиронеро, ки дар ин вилоят иқомат доранд, муҳоҷирини ғайриқонунӣ ташкил медиҳанд ва ҳадаф аз ин амалиёти онҳо кашфу боздошт ва ихроҷи чунин афрод аз вилоят аст.
Гуфта мешавад, бахши аъзами муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбакистону Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Гурҷистону Чин ба Олтой омадаанд.
Чунин амалиёт ба навиштаи "Итар Тасс" дар вилоятҳои Шарқи Дури Русия ҳам ҷараён дорад. Дар он ҷо аз 20 март инҷониб беш аз 400 муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Мақомоти ҷумҳурии мухтори Кабардаву Балқар ҳам мегуянд, сар аз 20 март ба ҳамин гуна як амалиёт пардохтаанд, ки то 30 март давом мекунад. Мақомоти ин ҷумҳурӣ меафзоянд, бахши умдаи муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ин минтақа муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG