Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти қочоқбарони маводи мухаддирро хунсо карданд


Марзбонони рус гуфтанд, шаби 22 март дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи сарҳадии Маскав дар ноҳияи Шуробод аз вуруди се гуруҳи мусаллаҳи қочоқбарон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд. Дар дафтари матбуоти Гуруҳи марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтаанд, зидди ин гуруҳҳо силоҳи артиллерӣ истифода шудааст. Дафтари матбуотии неруҳои марзбони рус, вазъ дар ин минтақаи марзиро вазнин арзёбӣ кардааст.
Ба навиштаи "Интерфакс" дар тули соли равон марзбонони рус дар марзи тоҷику-афғон панҷ сарҳадшиканро боздошт ва ҳангоми бархурд бо қочоқбарони маводи мухаддир панҷ тани онҳоро куштаанд. Дар ҳамин қитъаи марз 80 кило маводи мухаддир боздошт ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG