Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи "Сухан" насиби Фарзона ва Худоӣ Шариф шуд


Рузи душанбе зимни як маҳфили хоси наврузӣ бо ширкати фарҳангиён ва донишмандони тоҷик дар саҳни театри Маҳмудҷон Воҳидов маросими супурдани мукофоти "Сухан" доир шуд. Шоир Фарзона барои сеҷилдаи "Як қатраи мулиён" ва Худоӣ Шариф донишманди тоҷик мудири курсии адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Миллӣ барои асари "Балоғати сухан" ва "Адабиёти миллӣ ва давлати миллӣ" барандагони мукофоти сухан дар соли гузаштаи хуршедӣ шуданд.
Ҷоизаи "Сухан" мукофоти маҳфили адабии Боргоҳи сухан аст, ки ҳамасола дар рузи ҷашни Навруз ба беҳтарин асарҳои адабӣ ва ҳунарӣ эъто мешавад. То кунун донишмандон ва шоирони тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бозор Собир ва Шарофиддин Рустамов барои саҳмашон дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ ва таҳияи Қонуни забони давлатӣ сазовори ҷоиза шудаанд.
Маҳфили адабии Боргоҳи сухан бо ибтикори Бурӣ Каримов, вазири пешини ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуда ва таҳти сарпарастии молии у қарор дорад. Шоири тоҷик Муъмин Қаноат, ки сарпарасти Кумитаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон низ ҳаст, раёсати ҳайъати ҷоизаи "Сухан"-ро ба уҳда дорад.
XS
SM
MD
LG