Пайвандҳои дастрасӣ

Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад


Ба андешаи наврузшиносон, Навруз ҷашни бостонӣ ва устувор ба пояҳои амиқи замоншиносии ирониён аст. Агарчанд бар асоси устураҳо, дар мавриди бунёдгузорони Навруз баҳсу мунозира фаровон аст ва ҳатто ба афсона мемонанд, гоҳе ин баҳсҳо, аммо худи Навруз дақиқтари ҷашн ва санаи таърихӣ бар асоси илми замоншиносӣ дар манзуми хуршедист. Навруз ҳеҷ иртиботе ба ҳеҷ дин ва мазҳабе надорад, тақвими наврузӣ аз сафари пайғамбаре ба ҷое ва ё зуҳури дину мазҳабе хабар намедиҳад ва сарчашма низ намегирад, балки як санаи дақиқи табии баробаршавии шабу руз ва ҷашни мардумист.
Навруз ва боварҳои наврузӣ дар тули таърих таҳаввули фаровонеро мутаҳаммил шудааст. Доктор Комили Бекзода донишманди тоҷик зимни таълифи китобе роҷеъ ба Навруз, даврони таҳаввули суннатҳо ва Наврузро аз ибтидо то кунун ба панҷ марҳила тақсим кардааст. Доктор Бекзода мегуяд, Навруз аз замони пешдодиён то кунун ба таври шинохтанашаванда суннатҳои худро дигар кардааст. Вале муҳимтарин асли Навруз худи санаи дақиқи он аст ва на суннатҳо. Аз ин лиҳоз ҳар дине, ё мазҳабе, ё низоми ҷамъиятие ба Навруз чизе афзуд, аз ҷумла зардуштия, ислом ва ҳатто кеши коммунистӣ.
XS
SM
MD
LG