Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Навруз, тақлид ба Дед Мороз, гуноҳи нобахшидании масъулон, рузаи сиёсии аъзои ҲТТ


Нашрияҳои Тоҷикистон аксаран дар ин ҳафта бо табрикот ба муносибати фарорасии Навруз ва мақолаҳо оид ба таърихи он, расму оинҳои таҷлили Навруз аз чоп баромаданд. Ҳафтаномаи "Азия Плюс" оид ба ҷашнгирии Навруз дар манотиқи гуногуни тоҷикнишин матлабе нашр кардааст. Дар он аз ҷумла омадааст, ки таҷлили Навруз дар шаҳри қадимаи тоҷикон - Самарқанд ҳануз ду ҳафта қабл аз рузи Навруз оғоз меёбад. Яке аз вижагиҳои таҷлили Наврузи самарқандиён ин будааст, ки мардон низ таоми идонае бо номи "ҳадиса" омода мекардаанд.
Нашрияи Тоҷикистон мақолаеро ба табъ расонидааст, ки дар он баъзе аз расмҳои имруз ба анъана даромада зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд. Муаллифи он мегуяд, базмҳои наврузии пойтахту навоҳии Тоҷикистон якнавохт мегузаранд. Бобои деҳқону душизаи сафедпушро муаллиф тақлиди куркурона ва беҳунарона ба Дед Морозу Снегурочкаи русӣ номидааст. Вагарна, суол медиҳад муаллиф, чаро он душизаро, ки таҷассуми баҳор аст, либоси барфмонанд пушонидаанд, на ягон пироҳани гулдори баҳорӣ.
Яке аз анъанаҳои наврузӣ он аст, ки мардуми аз ҳам ранҷида гуноҳҳои ҳамдигарро бахшида оштӣ мешаванд. "Рузи Нав" бо суоли гуноҳи киро бахшидан мехохед, ба роҳгузарон муроҷиат кардааст. Даврон Содиров ном сокини ноҳияи Восеъ посух додааст, ки гуноҳи онҳоеро, ки уро ба ҳоли имрузааш расонидаанд, ба хеҷ ваҷҳ намебахшад. У гуфтааст, ду диплом дорад, аммо ҷои кор намеёбад ва агар ҷои коре бошад ҳам, пуле, ки медиҳанд, ҳатто ба харидани шириние барои тифлонаш намерасад. Даврон гуфтааст, фаразан агар у гуноҳи масъулинро бахшад ҳам, оё фарзандонаш гуноҳи уро, ки хуроку пушоки хубе барояшон харида наметавонад, мебахшида бошанд?
Аммо матолиби инҳафтаинаи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон на танҳо аз таъриху маросимҳои таҷлили Навруз иборат буданд. "Азия Плюс" бо нашри матлабе дар бораи қазияи Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон гуруснанишинии аъзои онро рузаи сиёсӣ номидааст. "Азия Плюс" ҳамчунин аз хазинаи худ мақолаеро, ки шаш сол қабл дар бораи Султон Қувватов чоп карда буд, нашр кардааст. Дар он мақола аз қавли худи Султон Қувватов оварда шудааст, ки у сиёсатро ҳеҷ гоҳ дуст намедошт ва ба гуфтаи у аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ одатан сиёсатмадори хуб намебарояд.
"Рузи Нав" ҳам таҳлили сиёсиеро оиди дубора президенти Русия интихоб шудани Владимир Путин ва дурнамоиҳои муносиботи Тоҷикистону Русия чоп кардааст. Муаллифи ин матлаб Фахриддини Холбек мегуяд:
«Дар оянда ба сари тоҷикон ҳар чизе, ки мебиёяд, ин аз ҳамон сиёсати Путин бармеояд, ки дар Русия озод гаштан ва фаъолият кардани миллатҳои ғайрирус дар пешашон садд мегузорад.»
Аммо дар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия тағйироти куллие ба вуҷуд нахоҳад омад, менависад муаллиф.
Ҳафтаномаи "Крим Инфо" аз куштори низомии неруҳои Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.Тибқи ин хабар бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор як низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон боздошт гардидааст.
Дар ноҳияи Шаҳритус як додситони нақлиётӣ гаравгон гирифта шудааст. Ношири ин хабар ҳафтаномаи "Азия Плюс" менависад, Рустам Тоҳиров, ки дар садри як комиссияи вижа ба тафтиши як ҳодисаи пулситонӣ аз тарафи корманди кумитаи марзбонӣ ба Шаҳритус рафта буд, аз ҷониби фармондеҳи марзбонии Шаҳритус ғайриқонунӣ боздошт шудааст. Танҳо пас аз зери фишор нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пулситонии сарҳадбон додситонҳо озод карда шудаанд. Айни ҳол, аз руи ин ҳодиса додситонии ҳарбии шаҳри
Қурғонтеппа тафтиш мебарад, омадааст дар хабар.
XS
SM
MD
LG