Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хусусигардонӣ, истеҳсоли пахта - кори пуразобу каммузд


Хусусигардонӣ набояд ба ҳар шакли дилхоҳе амалӣ шавад. Бо чунин унвон ҳафтаномаи "Азия Плюс" мақолаи доктори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаровро нашр кардааст. Дар он профессор Умаров аз раванди имрузаи хусусигардонии муассисоти давлатӣ танқид карда, аз бо қиммати ба маротиб арзон фурухта шудани ин муассисаҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Хоҷимуҳаммад Умаров дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳамчунин аз тақдири ояндаи ин муассисаҳо изҳори ташвиш кард: «Масалан бисёр корхонаҳо баъд аз хусусӣ гардонидан кор намекунанд, ва ё таҷҳизоти он корхонаҳо фурухта шуд ва бинои он корхонаҳо фурухта шуданд ва ғайра.»
Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мақолааш ҳамчунин навиштааст, ҳангоми таҳияи нақшаи стратегии хусусигардонии муассисаҳо олимони соҳаи иқтисоди кишвар ширкат накардаанд. "Вечерний Душанбе" хабар додааст, ки вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ирсоли як номае унвони вазорати даромад ва пардохтҳои давлатӣ дархост кардааст, воридоти гушт ва тухми мурғ аз Эрон муваққатан манъ шавад. Сабаби ин дархост паҳн шудани бемории зукоми мурғ дар ҷаҳон будааст. Эрон воридкунандаи асосии маҳсулоти мурғи ба Тоҷикистон буда, то имруз дар ин давлат ягон ҳодисаи зукоми мурғи ба қайд гирифта нашудааст.
"Рузи Нав" бо нашри матлабе мушкилоти соҳаи пахтапарварии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф нигоштааст, пахтапарвариӣ соҳаи муҳимтарини кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб гардида, қариб нисфи заминҳои обёришавандаи кишвар зери ин зироат банд мебошанд. Ба навиштаи ҳафтанома, имруз даромади софи соҳаи пахтакорӣ бо сабаби адами назорати дуруст аз ҷониби мақомоти зирабт на барои деҳқон ва на барои рушди ҷомеа масраф мегардад. Дар мақола ҳамчунин омадааст, навад дарсади коргарони пахтазорҳоро имруз занон ташкил медиҳанд ва қариб кулли корҳои мушкилтарин, аз қабили чобуқ, сарчин намудан ва чидани ҳосил ба души ин занҳо аст. Муаллиф навиштааст, пахта на танҳо барои саноати сабук ба кор меояд, ҳамчунин ғузапояи он ҳезуми мардум дар зимистон мешавад. Муаллиф ҳисоб кардааст, ки ғузапояи пахтазорҳои ҷумҳурӣ дар соли гузашта барои сузишвории беш аз шаст дарсади аҳолии ҷумҳурӣ кифоят мекард.
"Неруи Сухан" равғани пахтаро заҳр номидааст. Муаллифи ин матлаб мавзуъи истеҳсоли равғанро баррасӣ намуда гуфтааст, чигити пахта зафрнок аст ва барои ҳангоми ҳосили равған онро аз заҳр пок кардан, хеле софкорӣ бояд кард, ки ин ҳам арзиши онро гарону ҳам таркибашро камғизо мегардонад. Равғани аз навоҳии сарҳадии Узбакистон ба Тоҷикистон воридшаванда низ пурра аз заҳр пок нестанд, менависад муаллиф. Аммо беҳтарин равған ба андешаи муаллиф аз кунҷид, зағир, офтобпараст ва донаҳои меваю сабзавот ҳосил мешавад. Аммо дар сурате, ки Тоҷикистон бо равғани худӣ на танҳо аҳолии худро таъмин карда метавонад, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ҳам ба роҳ мондан имконпазир аст, мо, менависад муаллиф, ҳамоно равғанҳои камсифатро аз хориҷ ворид месозем.
XS
SM
MD
LG