Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврузи муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Омада Навруз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.

Нишонаи фаро расидани навруз ин аст, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мегардад. Ва шабу руз баробар мешавад. Ибтидо аз дақиқаи фаро расидани Навруз гармо ва нур афзоиш меёбад, наботу ҷамод эҳё мегардад.

Ҳар руз, ки дар он гуноҳ набошад, ид аст. Ва агар бад-ин дастур амал кунӣ ҳама рузат навруз аст.

Навруз- тозатарин куҳна туй. Куҳнатарин тоза туй.

Навруз барои 120 ҳазор тоҷиконе, ки дар Русия шаҳрвандӣ дарёфт карда, муқимӣ шудаанд, арҷмандтарин ид аст. Онҳо ба Навруз аз як ҳафта пеш, бо сабзонидани сумани суманак омодагӣ мегиранд. Дар Маскав ба чанд хонаи тоҷик, ки занг задем, чунин гуфтанд. Дар хонаводаи Назари Мирзода дар Санкт- Петербург ҳам ороишгари хони наврузӣ сабзаи суманак будааст. Назар мегуяд, Навруз ҳам дар хонаҳо ва ҳам дар маҳфилҳо бо иҷтимоъи пуршукуҳ таҷлил мешавад: "Мо тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ҳар сол ҷашни ҷамшедии Наврузро аз 22 то 23-уми март ҷашн мегирем. Аввало мо идро дар гирдиҳамоие, ки байни донишҷуёну олимони тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ҷашн мегирем, дуюм бо мардум ва сеюм дар Донишкадаи ховаршиносии Санкт-Петербург бо сабзаву суманаку себу санҷид."
Навруз барои 24 итиҳоддияи тоҷикони муқими Русия маҳфили дидор, иди сарҷамъист. Онҳо дар рузҳои Навруз базмҳои шеъру суруд барпо мекунанд. Дар марказҳои бузурги таҷҷамуъи тоҷикон дар шаҳрҳои Санкт Петербург, Новосибир, Волгоград, Маскав гуштингирӣ барпо мешавад. Хайриддин як нафар паҳлавони тоҷик мегуяд: "Ҳар сол мо дар бозори Черкиз гуштингирӣ мегузаронем ва бо бояд иштирок кунем."
Дар шаҳри Маскав шаш иттиҳодияи тоҷикон ва як иттиҳодияи донишҷуёни тоҷик фаъол аст. Ҷашни Наврузро донишҷуён бо шукуҳ ва шавқу шури бештар истиқбол мекунанд. Узви кумитаи тадорукоти наврузии донишҷуён Умеди Ҷайҳонӣ мегуяд: "Барномаи имсолаи наврузии мо бо дар бар гирифтани ойинҳои наврузии қадима ва ҳамчунин навовардҳое, ки дар тули чанд соли зиндагии донишҷуёни тоҷик дар Маскав падид омадаанд монда шудааст."
Аммо Сафорати Тоҷикистон дар Русия Наврузро дар Маскав бо ширкати намояндагиҳои дипломатии кишварҳои минтақаи таҷлили суннатии Навруз ҷашн мегирад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав имсол таҷлили Наврузро дар аввали моҳи апрел барномарезӣ кардааст.
Имсол нахустин базми Наврузӣ дар Маскав рузи панҷшанбе бо ибтикори ақвоми иронитабори маскуни Русия толишҳо, тотҳо, осетинҳо ва курдҳо оғоз гардид.
Дар расонаҳои русӣ ҳарсола дар бораи Навруз, таърих ва суннатҳои он маводи хонданӣ ба чоп мерасад. Имсол нахустин гузоришро рузномаи озарбойҷониҳои муқими Русия интишор кард, Дар ин гузориш, ки «Рузи замин» ва ё «Гоҳшумории офтобӣ аз чӣ шуруъ мешавад», ном дорад, дар бораи поягузорӣ ҷашни Навруз, Зардушт ва такмилкунандаи гоҳномаи вижаи Наврузӣ Умари Хайём ба забони русӣ маълумот дода шудааст. Бархе донишмандон дар Русия хостори ба рузи 21 март, таҳвил кардани иди бонувон ҳастанд. Аммо бархи дигар ҳар сол иштибоҳан Наврузро иди исломӣ эълом менамоянд.
Дар маҳфилҳои наврузии Маскав санъатшиноси муҳоҷири тоҷикистонӣ Юля Хижняк ороишгари доимист. Вай соҳиби як мутаъаддиди ҳунарҳои дастии тоҷикист ва дар вар куҷо, ки мавфили наврузӣ бошад, онҳоро ба намоиш мегузорад ва дар ёди ҳамнишинон хотироти Тоҷикистонро бедор мекунад.
Ва аммо таҷлили ҷашни Навруз на барои ҳамаи тоҷикони муқими Русия дастрас аст. Садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар бадтарин вазъи ҳуқуқӣ ба сар мебаранд: "Бисёриёш аз хона баромада наметавонанд. Баъзе омадагиҳо хона надоранд, ҷойи хоб надоранд, вазъиятшон бисёр бад аст."
Суҳроб ва дустони вай на танҳо имкони оростани базми Навруз, балки анҷоми оддитарин хушҳолиро надоранд. Танҳо ёди Навруз, ёди баҳор, ёди гули наврузӣ, гули сияҳгуш, гули барф, гули бодом.
Бале ноумед набояд буд. Ҳар ки навруз ҷашн кунад, то наврузи дигар умр ба шодмонӣ ба сар барад.

Бо замзамаи баҳор бедорам кун,
Аз ҷуръаи обшор саршорам кун.
Дар узлати беишқ дилам месузад.
Эй бохабар, аз ишқ хабардорам кун.

Ошиқӣ ва баҳор бар ҳама бохабарон ва бедорон ва иди таҷвилу тозагӣ ба муштоқони табиат фархунда бод.
XS
SM
MD
LG