Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони Хуршеда Султоноваро боздошт кардаанд


Пулиси Санкт-Петербург куштори духтари нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султоноваро амалан ошкор кардааст, вале расонаҳои русӣ масъалаи муҷозоти онҳоро ба далели пайвандони мақомот будани қотилон зери суол бурдаанд. Дар ин бора рузномаи «Русский Курйер» чопи Маскав хабар медиҳад. Рузнома меафзояд, пулиси Питер куштори духтари нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова дар рузи нуҳуми февралро амалан кашф кардааст. Ин куштор на танҳо Петербург, балки Русияро низ ба ларза овард ва дар тамоми ҷаҳон акси садо пайдо кард. Парвандаи таҳқиқи кушторро вазири умури дохилаи Русия, Рашид Нургалиев ва президенти Тоҷикистон таҳти назорат гирифтаанд. Қотилон шаш нафар ноболиғ ҳастанд. Се нафари онҳо аз хонаводаи ходимони идораи марказии пулиси шаҳр мебошанд. Амаки яке аз онҳо генерали фаъоли идораи минтақавии Хадамоти Амнияти Федеролӣ мебошад. Баздоштшудагон ба гуноҳи худ иқрор шуданд. Пас аз ин онҳоро ҷавоб доданд. Радиои Озодӣ дар Маскав барои таҳқиқи воқеияти ин гузориш ба идораи марказии пулиси Санкт-Петербург занг зад. Дар идораи пулис аз ибрози ҳар гуна назар, дар ин замина, худдорӣ карданд.
Аммо дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ки дар бораи боздошти қотилони Хуршеда Султонова дар Санкт-Петербург аз мақомоти расмии шаҳр иттилоъи хаттие нарасидааст.
Ҳамчунин хабарнигории "РИА Новости" дар бораи боздошт се нафар скинхед бо иттиҳоми куштори дигар духтараки 7 солаи тоҷик Нилуфар Сангбоева дар тирамоҳи соли 2003 хабар дод. Онҳо 21 сентябри соли 2003 дар истгоҳи роҳи оҳани «Дачное» бо корд ба занону кудакони тоҷик ҳамла карданд. Яке аз духтарон дар пайи захм дар бемористон даргузашт. Ҳамла дар заминаи нафрати миллӣ сурат гирифтааст. Амали боздошти гуруҳ идома дорад. Аммо намояндаи пулиси Санкт-Петербург ҳозир нашуд ин хабарро низ таъйид ва ё инкор намояд.
Тайи як соли ахир дар Русия наздик ба 50 нафар муҳоҷирони тоҷик аз суи гуруҳҳои миллатгаро кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG