Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги ҳукумати шаҳри Душанбе бо калламушҳо


Дар чаҳорчуби як қарори вижаи шаҳрдории Душанбе оид ба вазъи беҳдоштии пойтахти Тоҷикистон беш аз ду моҳ аст, дар пойтахт амалиёти дератизатсионӣ ва ё муборизаи зидди калламушҳо давом дорад. Абдулҳалим Ҷалилов - муовини мудири корхонаи воҳиди давлатии дезинфексионии шаҳри Душанбе мегуяд, амалиёти мазкур аз ҷануби шахр, аз атрофи бозори Корвон оғоз ёфтааст. Ба гуфтаи Абдулҳалим Ҷалилов, дар пойтахт теъдоди калламушҳо то ба ин ҳад наафзуда буд: «Дар бисёр ҷойҳо ҷасадҳои мушҳои мурда дида мешаванд. Ман аз соли 1978 боз ҳамчун сардори раёсати республикавии профилактикӣ будам, ягон вақт ин қадар зиёд шудани калламушҳо мушоҳида накарда будам.»
Афзоиши бесобиқаи калламушҳо дар чанд соли охир дар Тоҷикистон масъулини соҳаи беҳдошт ва вогириро нигарон сохтааст. Гуфта мешавад, нигарони бештар аз зиёдшавии калламушҳои хокистарранг мебошад. Калламуши таҳҷоӣ дар Осиёи Марказӣ калламуши Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо имруз теъдоди калламушҳои хокистарранг дар минтақа афзудааст, ки ин намуди калламуш ба маротиб аз калламушҳои таҳҷоӣ хатарноктар аст.
Абдусаттор Саидов - роҳбари пажуҳишгохи ҷонваршиносӣ ва паразитологияи академияи улуми Точикистон мегуяд, калламуши хокистарранг ба тадриҷ ҳамтоёни маҳаллии худро аз макони сукунаташон танг карда мебарорад: «Калламуши хокистарранг дар марҳилаи ҳозираи эволютсияи худ, дар марҳилаи прогресс қарор дорад ва майдони паҳншавии худро давра ба давра васеъ мегардонад. Масалан, калламуши хокистарранг дар аксарият минтақаҳои дигари ҷуғрофӣ калламуши сиёҳро аз маҳалҳои зисти худ танг карда баровард. Яъне калламуши хокистарранг метавонад, калламуши туркистониро ҳам аз маҳали зисти худ танг карда барорад.»
Абдусаттор Саидов мегуяд, нахустин бор калламуши хокистаррангро дар Осиёи Марказӣ, дар ибтидои солҳои чилум дар Тошканд дидаанд. Миёнаҳои солҳои панҷоҳум калламуши хокистарранг нахустин бор дар ҳудуди Тоҷикистон, дар шимоли кишвар мушоҳида карда шуд.
Дарозии умри калламуш ҳамагӣ ду-се сол аст. Аммо дар як сол як калламуш ҳафт-ҳашт бор ҳомиладор шуда, ҳар як маротиба то ҳашт калламушчаи хурдакак таваллуд мекунад. Ҳамин тавр, калламуш ҳама қарорхои танзими оиларо вайрон карда, дар як сол то панчоҳ тифл ба дунё меорад.
Номгу ва ё ассортименти ғизои калламуш хеле васеъ аст. Калламуш ҳам коғазро мехояд ва ҳам аз чуб ру намегардонад. Аммо ба гуфтаи олимон, калламушҳо бештар талош мекунанд, ғизое истеъмол кунанд, ки дар таркибаш сафеда дорад. Абдусаттор Саидов мегуяд, сафедаписандии калламушҳо тифлони навзоди одамонро ба хатар мувочеҳ мегардонад: «Барои калламуши хокистарранг мавҷуд будани сафеда дар таркиби ғизо хеле муҳим аст. Ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудааст, ки дар мавриди набудани ғизои даркорӣ, калламуши хокистарранг ба кудакони навзод, ба кудакони шабона дар хоб ҳамла оварда гуш, бинӣ ва ҷойҳои дигари нарми баданро мехурад.»

Ва аммо иллати аслии афзоиши калламушҳо дар Тоҷикистон, ба вижа калламушҳои хокистарранг, дар вазъи бади санитарӣ дида мешавад. Имруз макони аслии сукунати калламушҳо дар Душанбе таҳхонахо ва ҷои асосии дарёфти ғизояшон партобгоҳҳо мебошад. Гуфта мешавад, имруз сафи ба истилоҳ фаст фуди калламушҳо, яьне партобгоҳҳо дар шаҳр зиёд шудааст, ки ин боиси бо ғизо таьмин будани калламушҳо ва афзоиши оромонаи насли онҳо мегардад. Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки афзоиши калламуш боиси паҳн шудани амрози мухталифи сироятӣ мегардад.
Абдусаттор Саидов мегуяд, ҳашароти бадани калламуш ба мисли кайку канаву шабуш, уфунатҳои ахлот ва аъзои дарунии он дар сурати зери мошин мондан, ба об ва ғизо даҳон задани онҳо ангезандаи аслии амрозе аз қабили вабо, тоун, зардпарвин ва дигар бемориҳо мебошад.
Бо вуҷуди ин хатарҳои ҷиддии нигаронкунандаи калламуш, гуфта мешавад, мубориза бар зидди онхо ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Абдулхалим Чалилов - муовини раиси корхонаи давлатии воҳиди дезинфексионии Душанбе - мегуяд, дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳафтод корхонаи дезинфексионӣ мавҷуд буд. Имруз танҳо дар Душанбе ду чунин корхона боқӣ мондаасту халос. Дастрасии аслиҳаи ҷанг бо калламуш, яъне таҷҳизот ва доруворӣ душвор аст. Доруҳо бештар аз Амрикову Бритониё бо нархи гарон харидорӣ мешаванд. Ва аммо аз фаъолият боз мондани корхонаҳои дезинфексионии ноҳияҳои атрофу акнофи пойтахт мушкилии дигареро ба гардани калламушкушони душанбегӣ зам кардааст. Абдулҳалим Ҷалилов: «Дар ноҳияҳои наздик як каму беш кор мекунанд, аммо ба қадри дуруст кор пеш бурда намешавад. Чунки онҳо дору надоранд, транспорт надоранд, дигар асбобҳо надоранд. Мана, дар ноҳияи Ҳисор пештар 15, қариб 20 нафар одам корҳои профилактикӣ мекарданд. Ҳозир ду нафаранд. Ин ду нафар чӣ кор карда метавонанд?»
Бар иловаи ин, ниҳодҳои дезинфексионии шаҳри Душанбе ба усули худтаьминкунӣ гузаштаанд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Ҷалилов, аксар вақт онҳо аз муассисаҳо маблағи корҳои дезинфексионияшонро гирифта наметавонанд. Ҳол он ки қиммати корҳои дератизатсионӣ дар як метри мураббаъ ҳамагӣ як дирам аст.
XS
SM
MD
LG