Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо кумаки Амрико дар вазорати дифоъи Тоҷикистон барномаи беҳдоштӣ татбиқ мешавад


Муаррифии барномаи ҷилавгирӣ аз бемории СПИД ва дигар маризиҳои таввасути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар миёни сарбозони артиши Тоҷикистон бо ширкати Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ва Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе баргузор шуд. Ин барнома дар воҳидҳои марбут ба вазорати дифоъи Тоҷикистон бо кумаки ИМА зарфи шаш моҳи оянда бояд амалӣ шавад.
Шералӣ Хайруллоев- вазири дифоъ зимни ин маросим гуфт: "Ман бисёр хушҳол ҳастам, ки имруз вазорати дифоъи Тоҷикистон бо ҳамдастии вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида ба иҷрои барномаи муштараки огоҳсозии сарбозон аз хатароти бемории СПИД оғоз мекунад. Ин амр дар омодасозии мутахассисони тиббии марбут ба вазорати дифоъ мусоидат хоҳад кард." Вазири дифоъи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кумакҳои Иёлоти Муттаҳида дар оянда низ дар ин замина идома хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳида низ гуфт: "Мо умедворем, ки иҷрои ин барнома на фақат ба нафъи сарбозон ва афсарони артиши Тоҷикистон, балки ба нафъи аъзои хонаводаи онҳо низ хоҳад буд. Ин як масъалаи бисёр мушкил аст, вале умедворем бо мусоидат ва раҳбарии ҳукумат ва вазорати дифоъ битавонем, ки алайҳи он ба таври пурсамар ва фаъол мубориза кунем."
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Суфишо Ғарибшоев, сарпизишки дармонгоҳи марказии вазорати дифоъи Тоҷикистон, то кунун мавриди гирифтории сарбозон ва афсарон ба ин беморӣ маълум нашудааст, балки дар вазорати дифоъ имкони ташхиси ин беморӣ то кунун вуҷуд надорад.
Интизор меравад, тибқи ҳамин барнома, то моҳи сентябри соли равон тамоми сарбозон ва афсарон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва инчунин озмоишгоҳҳои махсуси ташхиси ин беморӣ дар вазорати дифоъ ташкил шуда ва мутахассисони ин соҳа омузиш дода шаванд. Инчунин тибқи ҳамин барнома, Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ба ихтиёри вазорати дифоъи Тоҷикистон 200 ҳазор адад рифола ва презерватив қарор додааст.
XS
SM
MD
LG