Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фокус ба мардуми водии Бартанг кумак мекунад


«Фокус» созмони башардустонаи амрикоӣ ва вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 12 март як тавофуқнома имзо карданд. Бар асоси он, дафтари тоҷикистонии созмони "Фокус" қарор аст, дар зарфи ду сол дар манотиқ ва навоҳии наздик ба кули Сарез як барномаи калонҳҷами иқтисодӣ-иҷтимоиро ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хатароти ношӣ аз рахна ёфтани оби кули Сарез ва бурузи сойир ҳаводису офоти табиӣ амалӣ созад.
Ҳодӣ Ҳусейнӣ - раҳбари намояндагии созмони "Фокус" дар Тоҷикистон зимни муаррифии барномаи нав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳазинаи иҷрои ин барнома баробар ба ду миллион доллари амрикоӣ буда, аз ҷониби Сандуқи байналмилалии рушди иҷтимоии Ҷопон пардохт шудааст.
Тарҳи нави созмони "Фокус" бар асоси барномаи коҳиши хатароти кули Сарез, ки таввасути давлати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ва пуштибонии Швейтсария ва Амрико иҷро мегардад, таҳия шудааст.
Ҳодӣ Ҳусайнӣ дар робита ба раҳандозии барномаи нави созмон гуфт: "Тоҷикистон як кишвари дорои табиати зебост, вале ҳамзамон бо ин эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои фаровони табиӣ, ба хусус дар манотиқи куҳии он хеле зиёд аст. Рух додани чунин офатҳо табиист, ки ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Бо тавваҷуҳ ба ин, барномаи мо водии Бартангро ҳадаф қарор додааст, зеро дар баробари аз лиҳози ҷуғрофӣ бештар хатарзо будани ин минтақа, ҳамчунин имконоти иқтисодии мардуми он низ ба маротиб камтар аст."
Ҳусейнӣ афзуд, бо ин ҳадаф барномаи нави "Фокус" амалисозии як зумра иқдомотро, ки бино ба эътиқоди коршиносони созмони мазкур, ба коҳишёбии дараҷаи камбизоатии мардум ва ҳамчунин хавфу хатари табиӣ дар ин минтақа мусоидат менамояд, ба нақша гирифтааст.
Насби системаи фаврии мухобиротӣ, бо ҷалби мардуми маҳаллӣ муайян кардани ҳолатҳои эҳтимолии рух додани офатҳои табиӣ, роҳандозии барномаҳои кучаки судманди иқтисодӣ, тараққӣ додани роҳу усулҳои судбахши хоҷагидорӣ ва истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ аз ҷумлаи ин иқдомот аст, ки интизор меравад, дар оянда таввасути кумаки барномаи вижаи созмони "Фокус" дар манотиқи гирду атрофи кули Сарез амалӣ гардад. Ҳамчунин дар чаҳорчуби барнома таъмиру тармими ҷодаву роҳҳои водии Бартанг, ки ғайриқобили истифодаанд, дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG