Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Ҳизби Тараққиёт ба гуруснанишинии сиёсӣ шуруъ карданд


Дувоздаҳуми март чор узви Ҳизби Тараққиёти Султон Қувватов бо эътироз аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба гуфтаи онҳо, нодида гирифта шудани ин созмону талабҳои он аз тарафи мақомоти давлат гуруснанишинии сиёсӣ сар карданд. Дар гуруснанишинии эътирозӣ ду муовини раиси Ҳизби Тараққиёт, Рустам Файзиев, ва Шодихон Кенҷаев ва аъзои ҳизб Зафар Турдиеву Маҳмадшоҳ Қувватов иштирок доранд.
Вақте мо ба қароргоҳи Ҳизби Тараққиёт ба хотири огаҳӣ аз вазъи гуруснанишинон омадем, онҳо гуфтанд, ки аз соати 6 то кунун чизе нахурдаанд. Аммо дар қароргоҳи ҳизб Рустам Файзиев ва як нафар донишҷу Зафар Турдиев аз ҷумлаи гуруснанишинон ҳузур доштанд.Ба қавли Рустам Файзиев ду нафари дигар аз эътирозгарон ба гуруснанишинии сиёсӣ дар манзили худ идома медиҳанд.
Аз Рустам Файзиев пурсидам, ки гуруснанишинии онҳо чанд руз идома хоҳад кард? Вай гуфт: "Чанд руз гуруснанишинии мо давом карданаш ба вазири адлия вобаста аст. Аммо ман то замони қувват доштан, гуруснанишинӣ мекунам."
Рустам Файзиев афзуд, бовар надорад, ки вазорати адлия ба гуруснанишинии онҳо эътибор дода, ҳизбашонро сабти ном кунад. Дар ҳамин ҳол масъули раёсати сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон, Сулаймон Давлатов гуфт, ҳануз аз ҷониби Ҳизби Тараққиёт дар мавриди гуруснанишинии аъзои ин созмон расман ба вазорати адлия нома нарасидааст. Ва вазорати адлия феълан дар иҷрои кадом иқдоме, хусусан дар мавриди сабти ном кардани Ҳизби Тараққиёт худдорӣ менамояд. Оқои Давлатов афзуд, феълан як гуруҳ аз коршиносони додситонии кулли Тоҷикистон масъалаи ойинномаи ҳизбро бо намояндагони вазорати адлия баррасӣ доранд.
XS
SM
MD
LG