Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии сахти муҳоҷирони кор, таҳқиқи қатли Хуршеда Султонова, густариши бемории сил ва машқҳои низомӣ


Нашрияи "Аргументи и Факти" ҳуҷраҳои истиқоматии муҳоҷирони кории тоҷик дар хобгоҳи бозори Черкизовои шаҳри Маскавро мисли ҳуҷраҳои зиндон номидааст, ки дар он садҳо нафар болои катҳои тахтагин шаб мегузаронанд. Дар ин ҳуҷраҳои ба навиштаи "Аргументи и Факти" зиндон муҳоҷирон ҳам ғизо тайёр мекунанд ва ҳам лавозимоти хешро нигоҳ медоранд. Тармими хобгоҳи чиноиҳову вэтнамиҳоро дар ин бозор ҳамин тоҷикон таҳти назорати ба гуфтаи нашрия хуҷаинҳои хеш идома медиҳанд ва ҷойи хоби ин сохтмончиёни бадбахт байни масолеҳи сохтмонист.
"Аргументи и Факти" дар идомаи мақола навиштааст, милисаи Русия барои пайдо кардану депортатсия кардани муҳоҷирони бе регистратсия аз Маскав пайваста иқдом хоҳад кард. Аммо иқдомҳои маъмурони интизомии Русия барои пайдо кардани қотилони муҳоҷири нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова то ҳол натиҷае надодаанд. Нашрияи "Мир новостей"-и чопи Маскав бо интишори як мақола дар бораи сартарошидаҳо ва ё скинхедҳои рус навиштааст, баъди қатли Хуршедаи 9 - сола маъмурони интизомӣ ҷиддан аз пайи скинхедҳо шуданд, ҳарчанд 17 гуруҳи миллатгаро ошкор шуд, вале дар парвандаи қатли духтараки тоҷик ягон пешравӣ нашудааст. Шояд 300 афсари тоҷики муҳассили Русия, ки нашрияи "Красная Звезда" дар бораи онҳо навиштааст, ҷойхобу зиндагии хуб доранд. Зеро ба навиштаи ин нашрия, Шералӣ Хайруллоев -вазири дифоъи Тоҷикистон - Русияро дар самти ҳамкориҳои техникиву низомӣ бо Тоҷикистон шарики стратегӣ медонад. Ва машқҳои низомии муштараки неруҳои ду кишвар, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон оғоз шуданд, далели ин гуфтаҳост менависад нашрия. Чун "Красная Звезда" хабаргузории "Синхуа"-и Чин навиштааст, низомиёни тоҷику рус роҳҳои ҷилавгирии ҳамлаи терористон аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистонро тамрин мекунанд. Аммо ба истилоҳ "ҳамла" ва ё тавсиаи бемории сил ба Тоҷикистон сабаби нигаронии табибони тоҷик аст, навиштааст, хабаргузории қазоқистонии "Кабар". Ба гуфтаи расона, соли гузашта шумораи беморони сил дар Тоҷикистон 7 фоиз афзудааст ва сабаби ин камбизоатӣ ва вазъи нохуби иҷтимоӣ дар кишвар аст. Ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс доир ба баргузории мусобиқоти нави футбол миёни кишварҳои хурду камбизоат, чун Тоҷикистон гузориш додааст. Конфедератсияи осиёии футбол мусобиқаи "Ҷоми озмоиш"-ро ташкил медиҳад, ки дар он 17 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон ҳар ду сол баъд миёни ҳам рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG