Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Душанбе дархости Ҳизби Тараққиётро рад кард


Ҳукумати шаҳри Душанбе дархости Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистонро дар мавриди баргузории як гирдиҳамоӣ рад кард. Саидраҳмон Шарифов, корманди шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати шаҳри Душанбе 10 март дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ба ҳукумати шаҳр аз тарафи раёсати ҳизби ғайрирасмии Тараққиёт номае бо дархости баргузории митинг расида буд, аммо чанд иллате дар нома ва дар навҳаи пешниҳоди нома ба шаҳрдорӣ ҷой дошт ва ҳукумати шаҳр ба сурат додани гирдиҳамоӣ иҷоза надод.
Саидраҳмон Шарифов гуфт: "Мувофиқи қонун онҳо бояд 15 руз пеш аз гирдиҳамоие, ки рузашро муайян карда буданд, ба раиси шаҳр хабар медоданд. Аммо мактуби онҳо се руз пеш омад ва онҳо меъёри қонунро риоя накарданд. Дуюм ин, ки имзои худи раис дар нома набуд ва Ҳизби Тараққиёт ҳамчун ҳизби расмӣ ба қайд гирифта нашудааст."
Аммо раиси Ҳизби Тараққиёт Султон Қувватов гуфт, замоне, ки номаи ҳизб ба шаҳрдорӣ ирсол шуд, вай дар сафари хидматӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебурд. Вале Қувватов посухи шаҳрдориро дар маҷмуъ як дасисаи ҳукумат зидди ҳизбаш хонд ва афзуд, ҳукумат мехоҳад, бо ин роҳ аъзои ҳизбро ба анҷоми амали ғайриқонунӣ таҳрик диҳад: "Шантаж карда истодаанд. Як гуруҳ мехоҳанд, ки ман ягон кори ғайриқонунӣ кунам. Ин шантажи навбатии ҳукумат аст. Онҳо иҷозат надоданд, амнияту дигар чизҳо гуфта, амнията бояд ҳукумат таъмин кунад. Мо охирин номаро менависему лекин онро ҳатман ташкил мекунем."
Ба қавли раиси Ҳизби Тараққиёт, дар ҳоли ҳозир аъзои раёсати ҳизб дар ивази номаи шаҳрдорӣ дар пайи мактуби дигар бо дархости баргузории гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд. Оқои Қувватов афзуд, агар посухи шаҳрдорӣ ба номаи навбатӣ ба ҳар шакле, ки набошад, онҳо даст ба гирдиҳамоӣ мезананд. Ҳадафи гирдиҳамоӣ танҳо ин мебошад, ки ниҳоят ҳукумат мавқеи худро дар масъалаи сабти номи Ҳизби Тараққиёт рушан кунад. Намояндагони ҳизб мегуянд, се соз боз аст, вазорати адлияи кишвар ҳизби онҳоро бо баҳонаҳои гуногун сабти ном намекунад.
XS
SM
MD
LG