Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Тоҷикистону Русия хати нави ҳавоӣ боз шуд


Дар хатти ҳавоии Уфа- Душанбе ҳафтаи ахир нахустин парвози ҳавопаймои мусобирбар шуруъ шуд. Ба гуфтаи Суҳроб Акрамов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Русия, Уфа, пойтахти Бошқирдистон, ҷумҳурии тобеъи федератсия, нуҳумин шаҳри бузурги Русия аст, ки бо Душанбе, пойтахти Тоҷикистон масири ҳавой боз кардааст.
Хати ҳавоии Уфа - Душанбе барои бароварда сохтани ниёзҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Бошқирдистон ба сар мебаранд, ташкил шуд. Ҳавопаймои Ту -134 ҳар ҳафта ду бор соати якуними шаб парвоз мекунад ва тули парвоз се соат мебошад. Аз Уфа ба Хуҷанд низ дар моҳ се парвоз анҷом мешавад.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон афзуд, аммо ҳиссаи Маскав дар ҳамлу нақли ҳавои нисбат ба дигар шаҳрҳо зиёд аст. Аз Маскав, аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе ҳар руз ду бор рузона ва шабона ва се бор дар ҳафта ба Хуҷанд ҳавопаймо парвоз мекунад. Аз фурудгоҳи Внуково хати парвози Маскав ба Кулоб вуҷуд дорад, вале доимӣ нест.
Ба гуфтаи вай, сабаби афзоиши парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳузури густурдаи муҳоҷирони тоҷик ва ҷанбаи мавсимӣ доштани фаъолияти онҳо дар Русия аст. Ба ин хотир чанд ширкат дар хати ҳавоии Русия - Тоҷикистон вориди сабқат шудаанд. Дар ин сабқат ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аввалият доранд. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо дар хатҳои Маскав, Новосибир ва Екатеринбург ба Душанбе фаъолият мекунад. Ахиран ширкати тиҷоратии "Суғдҳавопаймо" низ шуруъ ба кор кардааст. Ин сабқат мушкилоти мусофирон, аз ҷумла дарёфти билетро пурра то ҳудуде ҳал кардааст.
Нархи билети ҳавопаймо ба Душанбе аз Маскав 210 аз Новосибир 180, аз Екатеринбург 170 доллар мебошад, Нархи билетро дар масирҳои дигар ширкатҳои марбута муайян мекунанд. Аммо лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта қиммати билети Душанбе дар дасти ҷаллобон дар Маскав то 500 доллар боло рафт. Ба гуфтаи Суҳроб Акрамов, бо барканор кардани ҳайъати собиқаи намояндагии ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои ҷиноии Маскав билети ҳавопаймои Душанберо ба бизнеси сиёҳ табдил дода буданд, вазъи омаду рафти мусофирон тоҷик хуб шудааст.
Ба далели адами ҳаракати қатор аз Душанбе ба Маскав хати ҳавоӣ ягона роҳи рафтуомади теъдоди бузурги муҳоҷирони тоҷик ба минтақаҳои марказӣ ва шимоли Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG