Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Ёқуб Салимов расман айб эълон карданд


Додситони кулли Тоҷикистон иттиҳомоти қаблӣ дар қиболи Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилаи ин кишварро расман эълон кардааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар ва раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов дар ин бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар назди қонун ҷавоб мегуяд, он қадар фигурае нест, ки мардум ба вай таваҷҷуҳ нишон дода истода бошад. Гапи пешакӣ ба фикрам даркор нест."
Дар ҳамин ҳол Баҳодур Ҳомидов - сардори раёсати додситонии кулли кишвар ва узви гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов низ мегуяд, тибқи муқаррароти мавҷуда, иттиҳомоти қаблӣ дар қиболи Ёқуб Салимов эълон шудааст. Аммо у дар айни ҳол аз мавориди хоси иттиҳомот худдорӣ кард. Вай гуфт: "Ҳар ҳаракати тафтишотие, ки мегузаронем, бо иштироки ҳимоячиён гузаронда истодаем, аз он ҷумла айб ҳам эълон кардем, бо иштироки ҳимоячиҳо. Айби мо эълон кардагӣ, айби пешакӣ аст."
Ҷаноби Ҳомидов ҳамзамон таъкид кард, ки ба ду далел, яке барои ошкор накардани сирри тафтишот ва дуввум, ба хотири амнияти шахсии Ёқуб Салимов наметавонад, дар иртибот бо айбҳои эълоншуда муқобили вай тафсилот бидиҳад.
Гуфтанист, Ёқуб Салимовро тибқи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, қаблан барои хиёнат ба ватан, кушиши табаддулоти давлатӣ, бандитизм ва куштор айб эълон шуда буд. Ва феълан аз гуфтаи муфаттишон ва вакилони мудофиаи у, маълум мешавад, ки иттиҳомоти дар ғайбаш эълоншуда ба қувваи худ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG