Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони тоҷикро ба саҳнаи сиёсат роҳ намедиҳанд ва ё худи занон аз сиёсат дурӣ меҷуянд


Тибқи охирин саршумории нуфус дар Тоҷикистон, ки соли 2000-ум доир гардид, шумораи занҳо назар ба мардон дар ин кишвар се дар сад бештар афзоиш доштааст. Вале ба назари ҷомеашиносон, новобаста бо ин теъдоди бузурги нуфус занҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон натавонистаанд, ҷойгоҳ ва мақоми муассиреро ба худ ихтисос бидиҳанд.
Ҷумъахон Сайдалӣ, устоди риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ба сифати пешво ва ё лидер зуҳур наёфтани зани тоҷикро дар ҷомеа дар ин чад соли ахир натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ медонад.
Сайдалӣ мегуяд, замоне дар саҳнаи сиёсат фармондеҳон нуфуз пайдо карданд, ва ин раванд то кунун, яъне пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ низ идома дорад, табиист, ки барои зан ҷойгоҳе боқӣ намемонад: "Ҷанги шаҳрвандӣ барои зани тоҷик монеае шуд, то натавонад, ба саҳнаи сиёсӣ барояд, яъне чун як чеҳраи сиёсӣ шавад. Ба фикри ман, дар 20 соли ахир аз зани тоҷик ҳамчун як чеҳраи сиёсӣ гумон аст, ки барояд."
Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик мегуяд, дар ҳеҷ кадом гушаи дунё ва ё дар ҳеҷ қавонине махсус барои зан ҳақ ва ё мақоми алоҳида дода нашудааст. Вале меафзояд хонум Гулрухсор, чӣ дар даврони шуравӣ ва чӣ дар даврони касби истиқлолият дар Тоҷикистон занҳои ба истилоҳ "лидер" усулан аз суи зимомдорон муайян мешуданд: "Занҳое ҳастанд, ки дар ҳамон минбарҳои мо даҳсола-бистсола боз нишастаанд, дар парлумон нишастаанд, дар ҳукумат нишастаанд, ҳеҷ кор аз дасташон намеояд. Аммо мардум шарм медоранд, ба онҳо бигуянд, ки аз он ҷо биравед ва онҳо чунон одат кардаанд, ки агар набошанд, куҷо шуданд гуён, мекобандшон. Барои ҳамин агар дар Тоҷикистон зане бошад, ки биёяд ва бидонад, ки миллат, миллате, ки таърихи ҳафт ҳазорсола дорад, ба ин ҳолати бечорагӣ афтодааст ва аз ин ҳолати бечорагӣ чӣ гуна мешуд онро берун кард, ҳамин хел зан агар бошад, тоҷикҳо барояш 110 фоиз овоз медиҳанд, на танҳо 100 фоиз.
Хонум Гулрухсор ҳамчунин афзуд, ҳарчанд ки аз лиҳози ҳуқуқӣ барои фаъолияти як зан дар ҷомеа имруз мушкилот вуҷуд надорад, аммо амалан зан ба он ки танҳо гирифтор ба рузгори хонавода аст, наметавонад, дар бораи коре дигар вақт дошта бошад.
Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Занони соҳиби таҳсилоти олӣ", ки дар замони шуравии пешин аз раҳбарони масъули Тоҷикистон буд, низ мегуяд, қавонини кишвар барои рушди як зан дар ҷомеа ҳама имконот ва шароитро фароҳам кардааст. Аммо худи занҳо ҳастанд, ки барои ворид шудан ба саҳнаи сиёсат кам майл нишон медиҳанд: "Он чизе, ки мо то имруз ба даст овардем, нишон медиҳад, ки ин албатта як чизи бисёр душвор аст. Албатта имруз занҳое ҳастанд, ки дар арсаи сиёсат ширкат доранд ва ин як мактаби бузург аст, ки аз зинаи поён то боло таҷрибаомузӣ карда ва аз ҳаёт бохабар шуда, ба зинаҳои болотар баромада, дар парлумон, дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Намояндагон онҳо иштирок кунанд."
Аммо ба ҳар сурат, ба ибораи шоира Гулрухсор ин миллат қобилияти тавлиди фикр ва умеди бунёди ҷомеаи маданиро аз даст надодааст ва ҳатман таффакури ин мардум боз ҳам занҳоеро ба гунаи пешвоёни харизматик ба майдон хоҳад овард, ки мисли худи у як кишваре паҳноваре ҳарфи забонашро гуш медод.
XS
SM
MD
LG