Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал хостори бознигарии ҳукми Абдуалӣ Қурбонов шуд


Созмони Авфи Байналмилал бо изҳори ташвиш аз сарнавишти маҳбуси тоҷик Абдуалӣ Қурбонов гуфтааст, имкон дорад, ҳар лаҳза уро қатл кунанд. Абдуалӣ Қурбонов соли 2001-ум бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва ба ҳабс маҳкум шудааст. Ба навиштаи созмони Авфи Байналмилал сипас уро дар зиндон азобу шиканҷа дода, маҷбур кардаанд, то ки масъулияти се кушторро ба уҳда гирад ва додгоҳ уро моҳи майи соли 2002 бо гуноҳи қатли ваҳшиёна ба марг маҳкум кардааст.
Авфи Байналмилал мегуяд, ҳарчанд Кумитаи назорат бар ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ҳукми Абдуалӣ Қурбоновро бозбинӣ намуда, додгоҳи одилонаву шафоф баргузор намоянд, аммо бо вуҷуди ин имкони ҳар лаҳза қатл шудани вай вуҷуд дорад.
Бино ба иттилоъи Авфи Байналмилал, соли гузашта дар Тоҷикистон 34 нафар бар марг маҳкум шудаанд. Ин созмони байналмилалӣ хостори аз байн бурдани ҳукми қатл дар ҷаҳон аст ва аз ҳукумати Тоҷикистон низ тақозо дорад, иҷрои ин ҳукмро мутаввақиф кунад.
XS
SM
MD
LG