Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз суи корфармоён, пулис дар сохтмонҳои Русия аз ҳама бештар азият ва тороҷ мешаванд


Муҳоҷирони тоҷик аз суи корфармоён, пулис, хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистону Русия ва ҳамдиёрони миёнарави худ дар сохтмонҳои Русия аз ҳама бештар азият ва тороҷ мешаванд. Ин матлаб дар як гузориши вижа таҳти унвони «Мақоми иҷтимоии коргарони Тоҷикистон дар сохтмонҳои Русия» эълом гардид. Гузориш дар чаҳорчуби таҳқиқоти вижаи «Кори иҷборӣ дар Русияи муосир. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва одамфурушӣ» тартиб шудааст. Онро рузи панҷшанбе дар Маскав, мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқӣ дар Созмони байналмилалии кор Полин Барет Рид тайи як нишасти матбуотӣ дар қароргоҳи оҷонси "Интерфакс" дар ҳузури хабарнигорон муаррифӣ кард. Вай гуфт, гузориш дар бораи муҳоҷирони тоҷик ҷузви гузориши асосист ва дар таҳияи он ҷомеашиносон ва итифоқҳои касабаи Русияву Тоҷикистон ба мо кумак кардаанд.
Полин Барет Рид гуфт: "Дар гузориши дуввум сухан дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва натиҷагириҳои ҷомеашиносон меравад."
Ба муҳтавои гузориш, хабарнигор Олга Винокурова, иҷтимоъшиноси Пажуҳишгоҳи мутолиоти сиёсии муносиботи кории Русия ошно кард. Вай гуфт, таҳқиқот ошкор кард, ки тоҷикон дар Русия аз ҳама бештар мавриди тороҷу азият аз суи пулис, хадамоти муҳоҷират, корфармоёни худиву бегона ҳастанд. Шасту ду дар сад вазъи худро бад ва 55 дар сад беҳад муташаниҷ арз карданд.
Намояндаи Иттифоқҳои касабаи бинокорони Тоҷикистон Иноят Муборакшоев, ки дар маросими муаррифии гузориш ширкат дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки дар ҳоле, ки созишномаҳои байнидавлатии танзими муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистон тул мекашад, иттифоқҳои касабаи ду кишвар барои анҷоми тадбирҳои коҳиши шиддат сари муҳоҷирон иқдом кардаанд.
Иноят Муборакшоев гуфт: "Мо бо иттифоқҳои касабаи Русия маслиҳат кардем, ки бояд коргарони тоҷике, ки дар сохтмонҳои Русия кор мекунанд, ҳимояту муҳофизат шаванд."
Сухангуён дар нишасти муаррифии гузориши «Кори иҷборӣ дар Русия, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва одамфурушӣ» ибрози умедворӣ карданд, ки мақомоти марбутаи Русия дар бархурд ба муҳоҷирон аз хулосаҳои таҳқиқ кор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG