Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зани тоҷик зан нест, марди сол дар Тоҷикистон, хашми Ҳизби Тараққиёт ва суханронии сафири Амрико


Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон дар пешоруи иди байналмилалии занон ҳамагӣ вазъи мушкили имрузи занони тоҷикро ба баррасӣ гирифтаанд. "Рузи нав" зани имрузи тоҷикро зане номидааст, ки зан буданро мардонавор дар шароити имрузаи Тоҷикистон таҳаммул мекунад. "Рузи нав" ҳамчунин ба аҳли эҷоду кормандони ниҳодҳои ҳукуматӣ бо суоле муроҷиат кардааст, ки зани тоҷик ба кадом озодиҳо ниёз дорад? Шоира Гулрухсор ба ин суол посух додааст, зани тоҷик имруз пеш аз ҳама ба зан будан эҳтиёҷ дорад, зеро ба андешаи шоира, имруз зани тоҷик зан нест. Талбанда аст, бечора аст, рубандаву дигару дигару дигар аст, аммо зан нест.
"Неруи Сухан" як саҳифаи томро ба гузориши департаменти давлатии Амрико оид ба вазъи занон дар Тоҷикистон бахшидааст ва онро "Зан дар Тоҷикистон гирён" ном ниҳодааст. Дар гузориш вазъи ногувори занон дар ин кишвар баррасӣ шуда, аз ҷумла омадааст, ҳарчанд дар қавонини мерос таъбиз бар занон ба мушоҳида намерасад, вале дар воқеъ бахши аъзами мерос ба мардон ё писарони хонавода тааллуқ мегирад ва духтарон аз он маҳрум мемонанд. Дар манотиқи рустоӣ занон дар маҷмуъ камтар омузиш мебинанд ва дар бештари маворид аз соли ҳаштум мактабро тарк мекунанд.
"Азия Плюс" нашрияи дигари чопи Душанбе талош кардааст, дар рузи иди занон бо навиштани ҳақиқати талхомези ҳаёти эшон хонандагонашро маҳзун насозад. Нашрия дар баробари занон ҳамчунин генерал Ғаффор Мирзоевро низ бо ҳаштуми март табрик кардааст, зеро мавлуди генерал ба ҳаштуми март мусодиф афтодааст.
Аммо қаҳрамонони шумораи идонаи нашрияи "Оила", ки аслан харидоронаш занонанд, мардон гардидаанд. "Оила" барои нахустин бор дар Тоҷикистон озмуни марди солро эълон кардааст ва дар ҳафтаи нахустини озмун президенти Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, раиси Бонки Миллӣ ва ду овозхон пешниҳод шудаанд.
Раиси ҳизби ҳануз сабти ном нашудаи таррақиёти Тоҷикистон, Султон Қувватро ҳануз ба озмуни "марди сол" пешниҳод накардаанд. Аммо исми у ва ҳизби у ҳамчунин аз қаҳрамони нашрияҳои мустақил дар ин ҳафта буд. "Рузи нав" мактуби кушодаи се ноибраиси ин ҳизбро ба президенти Тоҷикистон, ниҳодҳои ҳукуматӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилалӣ нашр кардааст. Дар он вазорати адлия танқид шудааст, ки аз сабти номи ҳизб худдорӣ мекунад ва ҳамчунин аз ҳукумати шаҳри Душанбе дархости иҷозат барои гузаронидани ҳамоиш шудааст. Дар акси ҳол, аъзои Ҳизби Тараққиёт даст ба гуруснанишинӣ хоҳанд зад, таъкид шудааст, дар нома.
Бо истинод ба ҳамин нома, "Неруи Сухан" навиштааст, идомаи вазъи феълӣ дар кишвар имруз як амри ғайриқонунӣ ва ҷиноят дар қиболи гузаштаву ояндаи кишвар мебошад. "Рузи нав" мақолаеро бо таҳлили вазъи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иртибот бо инқилоби садбаргҳои Гурҷистон чоп кардааст. Муаллифи он, Куруши Сомонӣ дар мавриди Тоҷикистон навиштааст, ин кишвар ягона кишварест дар минтақа, ки ояндаи рушане пеши ру надорад ва дар он метавонад ҳаводисе иттифоқ биафтад. Сабаби аслии чунин норушании ояндаи сиёсии Тоҷикистонро муаллиф дар он дидааст, ки тули 12 соли ахир он дар инҳисори манофеъи геополитикии кишварҳои дигар қарор дорад.
Чизи дигаре, ки дар аксари ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон нашр гардид, суханронии сафири Амрико Ричард Ҳоугленд дар Донишгоҳи Миллӣ буд. Вале "Бизнес и Политика" як мусоҳибаи вижае бо сафири Амрико анҷом додааст. "Беҳтар мебуд, агар дар ҳар давлат комиссияи махсуси интихобот таъсис меёфт ва ин комиссия аз ҳама аъзои аҳзоб, лоҳизибиён ва зиёиён иборат мебуд."Поёни иқтибос.
XS
SM
MD
LG