Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хусусигардонӣ, камбизоатӣ ва сафарҳои хориҷии камманфиати президент ба хориҷа


Фуруши техника ва хусусигардонӣ метавонад, барои давлат оқибатҳои ногувор ба бор орад. Ба чунин андеша аст, мусоҳиби хабарнигори нашрияи "Нидои Ранҷбар" Нурулло Шулашов. Нурулло Шулашов, сарвари корхонаи "Норак ИБО соз" дар мусоҳибааш гуфтааст, дар сурати моликияти шахсӣ будани техникаи вазнин, аз қабили трактору экскаватор, давлат дигар дар ҳалли мушкилот ба душвориҳо ру ба ру хоҳад шуд. Мисол, ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳаводиси табиӣ ашхоси алоҳидаи соҳибмулкгашта метавонанд, барои истифодаи техникаашон маблағи калон талаб кунанд, ё ин ки умуман ин техникаи гароннархро ба хориҷа фурушанд. Ҳамчунин "Нидои Ранҷбар" аз раванди хусусигардонӣ изҳори ташвиш карда, навиштааст,бисёр корхонаҳо бо нархи ниҳоят арзон фурухта мешаванд.
Масоили иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ҳамчунин аз мавзуъи асосии мақолаи дусафҳаинаи Маҳмадрузӣ Искандаров буд, ки онро ҳафтаномаи "Рузи нав" ба табъ расонидааст. Маҳмадрузӣ Искандаров гуфтааст, президент бояд сафарҳои пай дар пайи худ ба хориҷаро, ки чандон нафъе надоранд, кам кунад. Ба доир намудани чорабиниҳои байналмилаливу ҷашну идҳои серхароҷот, ки дар шароити камбизоатӣ ғаши мардумро меоранд, хотима додан лозим аст, гуфтааст, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон. Ба андешаи у, беҳтар мебуд, агар ба ҷойи соли эстрадаи тоҷик, соли иқтисоди Тоҷикистонро эълон мекарданд ва дар ҳақиқат ҳам ба ҳалли мушкилоти ин соҳа машғул мешуданд.
Дар ҳамин ҳол вазорати даромад ва пардохтҳои давлатӣ мизи гирде бо номи "Мушкилоти андоз, буҷа ва иқтисоди Тоҷикистон"-ро баргузор кардааст. Аммо дар он хабарнигорони хориҷӣ ва мухбири "Рузи нав"-ро иҷозаи ширкат надодаанд. Бо нашри матлабе зери унвони "Мизи гирди махфӣ" нашрияи мазкур аз интихобан даъват шудани хабарнигорон изҳори тааҷҷуб ва норозигӣ кардааст. Аммо "Азия Плюс", ки монеъи ширкати намояндааш дар ин мизи гирд нашудаанд, навиштааст, дар он лоиҳаҳои нави кодекси андоз ва гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар мавриди ба васоити ахбори омма муваққатан имтиёз додан, Ғулом Бобоев- вазири даромад ва пардохтҳои давлатӣ гуфтааст, у тарафдори андозбандии одилона барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ новобаста аз намуди фаъолияташон аст. Дар идомаи мавзуъ, "Азия Плюс" ҳамчунин хабари дигареро дарҷ кардаст, ки мутобиқи он ахиран дар идораи андози ноҳияи Синои пойтахт маросими ифтитоҳи низоми компютеришудаи сабти андозсупорандагон баргузор гардидааст. Ба тарзи ҷадид ва муосири сабти андозсупорандагон гузаштани мақомоти андозситонии Тоҷикистон аз тарафи Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико маблағгузорӣ шуда, маблағи умумии ин лоиҳа ҳудуди як миллиону сесад ҳазор долларо фаро мегирад.
Мадад ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ ва вазъи ин соҳа дар Тоҷикистон ҳамчунин мавзуъи аслии мусоҳибаи "Азия Плюс" бо Роберт Кристиансен, сарвари ҳайъати Сандуқи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон буд. Ба гуфти ҷаноби Кристиансен, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз ин созмони молиявӣ ҳудуди навад миллион доллар қарздор аст. Аммо ба суоли он ки бо тавсияи ин созмон нархи истифода аз газ боло бурда шудааст ва бо ин ҳол ба ҳадафи Сандуқи байналмилалии асъор, ки мусоидат ба коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон аст, чӣ гуна метавон ноил шуд, Роберт Кристиансен гуфтааст, сабаби аслии ин иқдом хоҳиши бидуни қатъ бо газ таъмин намудани аҳолӣ аст ва дар ҳамин ҳол барои қишри камбизоати аҳолӣ бунёди ҷубронкунанда таъсис ёфтааст. Ва ҳарчанд кори он дар аввал на он қадар дилхоҳ анҷом хоҳад гирифт, аммо дар оянда такмили фаъолияти ин бунёд дар назар аст.
Мушкилоти иқтисодии муаллимон, ки ҳамчунин аз қишри камтаъмини аҳолӣ маҳсуб мешаванд, дар мақолае зери номи "Маълумоти оливу сарҳо холӣ" баррасӣ шудааст. Ношири ин мақола ҳафтаномаи "Неруи Сухан" мебошад ва муаллифи он Пайванди Гулмурод изҳори тааҷҷуб кардааст, ки донишгоҳҳо аз ҳисоби донишҷуёни шартномавӣ маблағи калоне ба даст меоранд, аммо омузгорон ҳамоно дастнигари донишҷу боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG