Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли Хуршеда Султонова, вазъи Артиши миллӣ ва саргузашти арабии ҳоҷиёни тоҷик


Номи Хуршеда Султоноваи нуҳсола ва маросими ба хоксупории ин тифли мақтул ҳафтаи дуввум аст, мавзуъи аслии нашрияҳои мустақил гардидааст. Тасвири маросими ҷанозаи Хуршеда, аз нисф зиёди саҳифаи нахустини "Азия Плюс"-ро дар бар гирифтааст.
Ин ҳафтанома навиштааст, дар ҳоле, ки қатли ин тифли маъсум дар ҷомеаи Русия вокуниш ва сару садоҳои зиёду гуногунро барангехт, ҳукумати Тоҷикистон ва расонаҳои ҳукуматӣ нисбати ин ҳодиса тавваҷуҳи кам зоҳир карданд. Аммо наздикони Хуршеда изҳор кардаанд, ки дастгир кардани қотилон ҳеҷ душворие надорад, вале мақомоти интизомии Русия бепарвоӣ зоҳир кардаанд.
Дар идомаи мавзуъи муҳоҷирати кории тоҷикон нашрияи "Вечерний Душанбе" навиштааст, ҳарчанд шаҳрҳои Хуҷанд ва Оренбурги Русия бародаршаҳр ҳастанд, аз ин афзалият барои беҳтар кардари вазъи кор ва зиндагии тоҷикон дар ин шаҳр истифода бурда намешавад. Ва ҳарчанд Оренбург бо ягон шаҳри Вэтнам ва ё Озарбойҷон аҳдномаи дустиву бародарӣ набастааст, дар тамоми нуқтаҳои тиҷоратии ин шаҳр асосан вэтнамиҳову озариҳо ва хитоиҳо фаъолият доранд. Ягона дастоварди бародаршаҳрони Тоҷикистону Русия ин хатти ҳавоии Оренбург-Хуҷанд мебошад.
Нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта ба мавзуъи дигар низ, ба таҷлили солгарди Артиши миллӣ ва ба вазъи имрузаи сарбозони артиш таваҷҷуҳ кардаанд. Аксари ҳафтаномаҳо бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон мусоҳиба оростаанд ва дар он аз ҳоли омодабоши ҳарбию касбӣ ва вазъи сарбозон дар ҷузву томҳо пурсон шудаанд. Вазири дифоъ дар мусоҳибаҳои худ мушкилоти таъсиси артиш бинобар аз мероси таҷҳизоти фанниву ҳарбии шуравӣ бебаҳра мондани онро қайд кардааст. Аммо дар мавриди таъсиси артиши касбӣ Шералӣ Хайруллоев гуфтааст, вобаста ба мушкилоти иқтисодии давлат айни ҳол ин амри имконнопазир аст. Вале дар пурсиши миёни сокинони Душанбе доирнамудаи "Рузи нав" аксарият гуфтаанд, бо назардошти вазъи имрузаи артиш на худ дар ин артиш хидмат кардан мехоҳанд ва на фарзандонашонро мегузоранд, ки дар он хидмат кунанд.
"Рузи нав" ҳамчунин ба масъалаи забон дахл карда, мақолаи Зафар Мирзоевро нашр кардааст, ки дар он муаллиф аз марги забони тоҷикии аслӣ изҳори нигаронӣ намудааст. Дар ҳамин радиф дар хабари дигаре омадааст, дар як мактбае дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон синфи 11-и тоҷикиро бастааанд ва акнун талабагони тоҷики мактаби рақами 18-и ноҳияи Ҳамадони вилояти Тоҷикистон маҷбур бо забони узбакӣ таҳсил мекунанд. Нашрия инро помолкунии ҳуқуқ номидааст. Масъалаи помолшавии ҳуқуқ дар мақолаи саргузаштҳои арабии ҳоҷиёни тоҷик, ки онро "Азия Плюс" ба табъ расонидааст, низ ҷой дошт. Хабарнигорони нашрия бо ҳоҷиён вохурда, аз сарсониву саргардониҳои онҳо дар роҳи зиёрати хонаи Худо пурсон шудаанд. Ба гуфтаи зоирин, ба ҳамаи мушкилоти ба сари онҳо омада, масъулони ҳаҷбарии онҳо гунаҳкоранд. Дар сурате, ки ҳоҷиён аз мақомоти Тоҷикистон изҳори норозигӣ мекунанд, Ғолиб Ғолибов, раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба ягон ҳоҷӣ ягон намуд ҷубронпулӣ дода нахоҳад шуд. Ҷаноби Ғоибов афзудааст, ҳоҷиёнро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Иморот ғизо ва пул додааст, вале ширкати ҳавоии Тоҷикистон аз кумитаи дин барои ғизои ба ҳоҷиён додааш дувоздаҳуним ҳазор доллар талаб кардааст. Ҳол он ки ба гуфтаи Ғоибов ҳоҷиёни тоҷик аз дасти мақомоти кишвари худ танҳо як маротиба ва он ҳам донаи бутерброд гирифтанду бас.
XS
SM
MD
LG