Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода даъвои қирғизҳоро рад кард


Ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тарафи Тоҷикистон, ноиби аввали нахуствазир Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода баьд аз поёни мулоқоти ду ҳайъат дар Бишкек гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ягон қитьа замини Қирғизистонро ишғол накардаанд. Вай дар ҳоле, ки аз тариқи телевизиони давлатии Қирғизистон ҳарф мезад, афзуд, баъзе аз минтақаҳои ҳануз дақиқнашудаи марзии ду кишвар аз тарафи аҳолии ҳар ду мамлакат кишту кор шудаанд, ки бе таъйини сарҳад, ҳеҷ тараферо наметавон айбдор кард.
Вай гуфт, барои ҳар ду кишвари ҳамсоя ва дуст корбасти калимаҳое монанди "ишғол" ва "тассаруф" салоҳ набуда, танҳо ба ангезиши шиддату хушунат сабаб мешавад. Ин суҳбатҳои Тураҷонзода дар посух ба изҳороти ахири ҳамраиси комиссия аз тарафи Қирғизистон, ноиби аввали сарвазири ин кишвар Бозорбой Мамбетов садо доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ишғоли худсаронаи қаламрави Қирғизистон айбдор кард. Изҳороти Мамбетов дар чандин нашрияи интернетӣ ва бо василаи хабаргузории "Интерфакс" нашр шуда буд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз натиҷаҳои нишасти навбатии комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуд ва гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи тиҷорати неруи барқ, тармими роҳҳо ва додугирифти саноатӣ ба созиш расида, тарҳи ҳамкориҳои ояндаро омода карданд.
XS
SM
MD
LG