Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар беша гумон мабар, ки холист


Додситонии Хатлон мегуяд, ки неруҳои артиши Русия мустақар дар мавзеъи "Бешаи палангон" ин мамнуъгоҳро хароб мекунанд. Додситонӣ бар ин аст, ки афсару асокири рус тули солҳо ҳайвоноти нодир ва дарахту гулу гиёҳи мавзеъро, ки ба Китоби сурх вориданд, пайваста нест мекунанд.
Варқа Зайниддинов, сухангуи додситонии Хатлон мегуяд, пас аз байн бурдани ҳайвоноти нодир ҳамакнун афсарон дар мавсими сардиҳо дарахтонро дар "Бешаи палангон" мебуранд ва барои зимистонгузаронии асокир омодагӣ мегиранд. Тули соли 2003-ум додситонӣ дар баробари афсарони рус се парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба прокуратураи ҳарбӣ ирсол доштааст. Тули 6 моҳи соли 2003 дар 60 ҳазор гектар замини мавзеъ асокири рус бо иттиҳоми даст доштан дар 6 ҳодисаи ғайриқонунӣ буридани дарахтзор ва 17 ҳодисаи аз байн бурдани гиёҳҳои нодир гумонбар шудаанд.
Варқа Зайниддинов мегуяд, додситонӣ дар ин иттиҳомот далелҳои шайъӣ дорад: "Аз ҷумла аз қисми ҳарбии 28804 дивизияи Федератсияи Русия бо сарварии прапоршик Урунбасар Арзаев ба тайёр намудани ҳезум дар "Бешаи палангон" ғайриқонунӣ машғул буда, аз тарафи кормандони мамнуъгоҳ дастгир карда шуданд, ки аз тарафи онҳо барои буридани дарахти туранга бо нархи умумии 6887 сомонӣ зарарҳо ба мамнуъгоҳ расонида шудааст."
Ва аммо дар ситоди марказии дивизияи тирандози 201 -уми Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ роҷеъ ба парвандаи ҷиноии прапоршик Арзаев изҳори беиттилоъӣ карданд. Афсари навбатдори ситод, ки худро Назаров муаррифӣ кард, гуфт: "Шумо умуман аз мо чӣ мехоҳед, ман намедонам. Ман ингуна хабарро нашунидаам ва усулан чунин хабар ба ман лозим нест. Дар ин зимн ба шумо кумаке расонида наметавонам."
Додситонӣ мегуяд, ки дар "Бешаи палангон" раванди маҳви ҳаявон ҳам ба мушоҳида мерасад ва аммо боздошт кардани афсарони мусаллаҳ барои кормандони мамнуъгоҳ, ки бо туфанг муҷаҳҳазанд, як амали мушкил аст. Варқа Зайниддинов мегуяд: "Бевосита дар атрофи "Бешаи палангон" бо шикори моҳӣ ва дигар ҳайвоноти нодир машғуланд."
Ва аммо садои тирпарронии афсарони рус дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" мавзеъи наздимарзии Тоҷикистон, ки пайваста ба гуш мерасад ва ворид шудан ба ин минтақа барои кормандони вазоратҳои қудратии кишвар ғайриимкон аст, касро ба шубҳа меафканад, ки ин тиркушоӣ суи ҳайвоноти нодир аст ва ё ҷониби марзшиканони афғон? Инро касе таъйид карда наметавонад.
XS
SM
MD
LG