Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкорӣ ва ё рақобати сохторҳои интизомӣ дар мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир


Тарабхонаи хушсохте бо исми "Шаббода" воқеъ дар маҳаллаи Лучоби Душанбе дар ҳоли ҳозир яке аз ҷойҳои асосии баргузории маросими арусии хонаводаҳои сарватмандони нави Душанбе шудааст. Аммо соҳиби ин бинои муҳташам Давлатшоҳ Исломов барои ташкили як гуруҳи қочоқбари маводи мухаддир ва интиқоли 200 кило маводи мухаддир таҳти таъқиби қонунӣ ва хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад.
Бино ба маълумоти масъулини Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, дар соли гузаштаи 2003-ум ниоҳдҳои зирабти ин кишвар дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир як ҷо бо неруҳои марзбонии Русия, ки марзи Тоҷикистону Афғонистонро ҳимоят мекунанд, ҳудуди 10 тонна маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.
Шеравлиё Мирзоавлиеёв - муовини собиқи раиси Оҷонсии назорат бар маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, масъулияти ҳамоҳангии ниҳодҳои зиддахли кишвар дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба души онҳо вогузор шудааст. Ва тайи панҷ соли фаъолияти оҷонсӣ якҷо бо ниҳодҳои марбутаи кишвар дар марз ва дохили Тоҷикистон аз қочоқчиён 36 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 16 тонна ҳероин кашфу мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, гуфт оқои Мирзоавлиёев, барои кашфи танҳо 200 кило ҳероин, масалан дар Олмон 300 миллион доллар масраф мешавад.
Ба ақидаи ҷаноби Мирзоавлиёев, пас аз вуруди неруҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба Афғонистон гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир самти фаъолияти худро таввасути марзҳои Тоҷикистон бештар густариш додаанд. Зеро мегуяд мусоҳиби мо, ин гуруҳҳо аз заифии ҳифозоати марз аз як су ва аз суи дигар аз фақру бенавоии аҳолии ин кишвар суйистифода мекунанд: "Ҳолатҳо, усулҳо, роҳҳои муборизаашон дигар мешавад, шеваҳои муборизаашон дигар ва мушкилтар мешавад. Қариб ҳар сол роҳҳои худро дигар мекунанд, нақшаҳои нав мекашанд, барои содир кардани ҷиноятҳои худ одамони навро пайдо мекунанд."
Як ниҳоди асосӣ ва масъуле, ки дар Тоҷикистон бар зидди густариши қочоқи маводи мухаддир мубориза мебарад, бахши вижаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддираи вазорати умури дохила мебошад.
Файзулло Гадоев, сардори бахши мазкур, мегуяд, дар муддати камтар аз бист рузи соли ҷорӣ кормандони ин идора тавонистанд, ақ қочоқи 120 кило маводи муххадир пешгирӣ ва ҳамзамон даҳ нафар атбои кишварро бо ҷурми қочоқи ин мавод боздошт кунанд. Вале оқои Гадоев новобаста аз афзоиши кашфу мусодираи маводи мухаддир ҳамоҳангиро миёни ниҳодҳои марбутаи кишвар дар ин самт нокифоя медонад.
Вай мегуяд: "Дар фаъолияти кории мо яке аз камбудиҳо ҳамкорӣ бо сохтҳорҳои қудратӣ аст, ки дар ҷумҳурӣ дар ин самт мубориза мебаранд."

Дар ҳамин ҳол масъулини додситонии кулли Тоҷикистон мегуянд, теъдоди парвандаҳои ҷиноӣ, ки бо ҷурми қочоқ ва ё ширкат дар тиҷорату интиқоли маводи мухаддир баррасӣ мешавад, ру ба афзоиш овардааст. Раҷабалӣ Тағоев, як мақоми додситонии кулии Тоҷикистон, ки фаъолияти ниҳодҳои интизомии кишварро назорат мекунад, гуфт: "Мо 758 парвандаи ҷиноиро нисбати 1048 шахс ба итмом расонида, ба судҳо ирсол намудем."
Шеравлиё Мирзоавлиёев - муовини собиқи раиси Оҷонсии назорат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, бо кушиши бевоситаи ин идора як мушкилоте, ки бо марзбонони Русия дар мавриди таҳвили маводи мухаддири боздоштшуда дар марзи Афғонистон доштаанд, ҳали худро ёфтааст: "Онҳо розӣ шуданд, ки вақте ки дар сарҳад ҷинояткорон боздошт мешаванд, мавод мусодира мекунанд, ба оҷонсии мо супорида шавад. Ин ба наздикӣ ҳал шуд. Як протоколи ҳамкорӣ имзо шуд, ки роҳбарияти неруҳои марзбонии Русия розӣ шуданд, ки маводи мусодиракардаашонро ба агентии назорат бар гардиши маводи нашъадор супоранд."
Ва аммо ҷаноби Мирзоавлиёев гуфт, Давлатшоҳ Исломов соҳиби тарабхонаи "Шаббода" танҳо узви гуруҳи қочоқбаре нест, ки аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар ҷустуҷу мешавад. Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта ҷустуҷуи 360 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин робита эълон шудааст ва руз дар миён теъдоди ин гуна афрод меафзояд.
XS
SM
MD
LG