Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи таркиши автобус 10 нафар кушта шуд


Субҳи шанбе, 28 феврал дар маҳаллаи Чоряккорон, воқеъ дар панҷкилометрии ғарби Душанбе, дар натиҷаи инфиҷори автобуси мусофирбаре, ки дар масири Душанбе-Шаҳринав мусофир мебурд, 10 нафар ҳалок ва чор тани дигар захмӣ шудааст.
Муҳаррики автобуси мазкур бо газ кор мекардааст ва таркиши балони газро сабаби ин фоҷиа медонанд.
Инфиҷори мошинҳое, ки муҳаррики газӣ доранд ҳодисаи нав дар Тоҷикистон нест, вале бо вуҷуди ин бинобар арзонтар будани нархи газ ронандагон ин навъи сузишвориро нисбат ба бензин бештар истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG