Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои "ТадАз" -ро ба касе нафурухтаанд


Абдуқайюми ҒҚайюмзод Мақомоти Тоҷикистон хабари ба ширкати русии "Русский Алюминий" (РусАл) фурухта шудани саҳмияҳои Корхонаи алюминсозии шаҳри Турсунзодаро радд карданд. Абдулҳамид Салимов, ёвари мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури масолили иқтисодӣ бо такзиби ин хабар гуфт, ҳамаи саҳмияҳои ТадАЗ ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дошта, то ҳоли ҳозир як чунин амалиёте, ки мунҷар ба фуруши ин корхона ва саҳмияҳои он шуда бошад, сурат нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон хабари ба ширкати русии "Русский Алюминий" (РусАл) фурухта шудани саҳмияҳои Корхонаи алюминсозии шаҳри Турсунзодаро радд карданд. Абдулҳамид Салимов, ёвари мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури масолили иқтисодӣ бо такзиби ин хабар гуфт, ҳамаи саҳмияҳои ТадАЗ ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дошта, то ҳоли ҳозир як чунин амалиёте, ки мунҷар ба фуруши ин корхона ва саҳмияҳои он шуда бошад, сурат нагирифтааст.
Ахиран рузномаи "Коммерсант", чопи Маскав аз қавли дафтари матбуоти ширкати "РусАл" навишт, миёни корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ва ин ширкат як қарордоди дарозмуддат ба имзо расидааст, ки бар асоси он таъминоти ашёи хом ва ҳамзамон фуруши тавлидоти корхонаи Турсунзодаро ин ширкати русӣ ба уҳдаи худ гирифтааст. Бар асоси ин гузориш, ширкати "РусАл" ба манзури тавсиаи суръати гардиши мол дар ин корхона ба маблағи 45 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва ҳамчунин куллия саҳмияҳои ширкати "Ансол", танҳо ширкати таъминкунандаи ашёи хом ва фурушандаи асосии тавлидоти ин корхонаро харидааст.

Нашрияи "Коммерсант" ширкати "Ансол"-ро ба генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди президентии Тоҷикистон тааллуқ додааст. Аммо Ғаффор Мирзоев, ки дар ин миён ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд, ба у тааллуқ доштани ширкати "Ансол" ва ҳамзамон вуҷуди кадом қарордод дар заминаи фуруши саҳмияҳои ин ширкатро рад намуд.

Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон гуфтаанд, ки ширкати "РусАл" дар шумораи ширкатҳои ҷазбманд ба харидории Корхонаи алюминсозии Тоҷикистон буда, борҳо ба хотири ин кор бо ҷониби Душанбе вориди музокирот шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, музоядаи фуруши саҳмияҳои корхонаи ТадАз на пештар аз ду соли дигар доир хоҳад шуд. Корхонаи алюминсозии Турсунзода бо тақрибан 500 ҳазор тонна тавлидоти солонаи алюминий бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкати "РусАл" ба Олег Дерипаска, домоди Валентин Юмашев, сухангуи президенти собиқи Русия Борис Елтсин тааллуқ дорад. Валентин Юмашев худ бо Татяна Дяченко, духтари Борис Елтсин издивоҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG