Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Тоҷикистон тарҳи қонуни масъулияти волидонро барои баррасӣ ба парлумон фиристодааст.

Ин тарҳи қонун дар кумитаҳои парлумони Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуда, баъд аз он ба тасвиб хоҳад расид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, қонуни масъулияти волидон дар пайи қонун дар бораи танзими анъана ва маросимҳо аз қонунҳое мебошад, ки бо назардошти манофеъ ва махсусияти миллии тоҷикон таҳия шудааст...


Тарҳи қонуни масъулияти волидон барои таълиму тарбияи фарзанд, ки бо ибтикори худи раисҷумҳури Тоҷикистон таҳия ва барои баррасии умумимардумӣ вогузор шуда буд, тақрибан се моҳ дар идораву ташкилот ва аз тариқи расонаҳо, махсусан расонаҳои давлатӣ мавриди арзёбии ҷомеа қарор гирифт.

Мақомот мегӯянд, дар тӯли ин муддат ҳудуди чаҳор ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст. Бори ахир, рӯзи ҳаштуми апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте ҷараёни баррасии тарҳи қонуни масъулияти падару модарро натиҷагирӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми натиҷагирӣ аз пешниҳод ва мулоҳизоти ҷомеаи кишвар дар иртибот ба тарҳи ин қонун, бори дигар аз таҳсили кӯдакон ва наврасони тоҷик дар мадориси мазҳабии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кард.

Бо ин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин қонун дар пайи қонун дар бораи танзими анъана ва маросимҳо аз қонунҳое мебошад, ки бо назардошти манофеъ ва махсусияти миллии тоҷикон таҳия шудааст. Вай афзуд, ки истиқболи васеи мардум ва муҳокимаҳои саросарии он баёнгари он аст, ки он ба ҷомеа писанд афтодааст.

Мақомот ва коршиносони наздик ба давлат низ қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд.

Аммо як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод кардаанд. Мунтақидон бахусус ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар ин лоиҳаи қонун ишора мекунанд.

Тарҳи қонуни масъулияти волидон барои таълиму тарбияи фарзанд ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG