Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” - пешсафи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми апрел бозиҳои даври дуввуми мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, 16-уми апрел дар варзишгоҳи “Авиатор»-и пойтахти кишвар бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Иброҳим Рабимов, Даврон Эргашев дар нимаи аввали дидор ва Фарҳод Тоҳиров дар замони изофӣ (90+1) ба самар расонданд.

“Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ду голи тими ғолибро Габриэл Донто ва голи ҳалкунандаро пас аз ҳисоби 2:2 Аҳтам Назаров дар дақиқаи 75-ум заданд. Ду голи “Шодмон”-ро Абдулло Саидов дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохт. Зокир Абдулхайров ва Фозил Сатторов дар нимаи аввал якголӣ заданд. Дар нимаи дуввуми бозӣ Наврӯз Рустамов ду бор дарвозабони меҳмононро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Се бозии дигари даври дуввум 17-уми апрел сурат гирифт.“Хайр”-и Ваҳдат бар тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Ду тӯбро Маҳмадлоиқ Нуриддинов (дақиқаи 22-юм) ва Мирзобек Мирзоев (дақиқаи 66-ум) ба дарвозаи “Парвоз” ворид карданд. Голи саввумро ҳимоятгари меҳмонон Шероз Абдуллоев панҷ дақиқа пеш аз хотимаи дидор ба дарвозаи дастаи худ зад.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Пас аз ду голи мизбонон Аъзам Ҳусейнов ва Комил Саидов дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар нимаи дуввуми дидор Анвар Норқулов, капитани меҳмонон, ҳисобро тағйир дод. Обидҷон Исмоилов голи саввуми мизбононро ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои “Истиқлол”, “Равшан”, ССКА “Помир” ва “Хайр” 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” (6-0) дар ҷои аввал мебошад. “Равшан” ва ССКА “Помир” бо таносуби якхелаи тӯбҳо – 6-1 ҷойҳои дуввуму саввумро бо ҳам мебинанд. “Хайр” (4-0) чаҳорум аст.

Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Энергетик” сеимтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Регар-ТадАЗ” (4-5) дар ҷои панҷум ва “Энергетик” (3-5) дар ҷои шашум қарор гирифтаанд.

Панҷ дастаи дигар - “Вахш”, “Шодмон”, “Хуҷанд”, Гвардия” ва “Парвоз” имтиёз ба даст наовардаанд.

Бозиҳои даври саввум:

21-уми апрел (панҷшанбе)
“Гвардия”- “Регар-ТадАЗ”
“Хуҷанд” - “Шодмон”
“Равшан” - “Хайр”
“Вахш” - ССКА “Помир”

22-юми апрел (ҷумъа)
“Парвоз”- “Истиқлол”

Бозиҳо соати 16 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG