Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои Ховари Миёна зоҳиран ҳарчӣ бештар ба ҷамоҳири Шӯравии собиқ мекӯчад.

Мухолифони озарӣ дар ҳар сурат, тақрибан як моҳ боз талош дорад, бо илҳом аз инқилобҳои ҷаҳони араб алайҳи режими Илҳом Алиев дар Озарбойҷон ташкили тазоҳурот кунад, вале то кунун пулис аз ин талошҳо ҷилавгирӣ мекунад.
Се хабарнигор аз Шветсия, ки ахиран ба хотири навиштани гузориш дар бораи вазъи иқтисодии Озарбойҷон ва равобити Боку бо Аврупо омада буданд, низ аз сӯи пулис боздошт ва баъдан ба идораи масъули хориҷиён супурда шудаанд...


ОЗАРИҲО БА ХИЁБОНҲОИ БОКУ РЕХТАНД

Пулиси Озарбойҷон рӯзи 17-уми апрел низ монеъи баргузории эътирози навбатии мухолифон алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Илҳом Алиев шуд ва даҳҳо нафар аз аҳли ин раҳпаймоии бидуни иҷозатро боздошт кард.

Аз 12-уми март ба ин сӯ дастикам бори севвум аст, ки пулис эътирозҳоро дар Озарбойҷон бо зӯр пароканда мекунад.

Аммо бо вуҷуди саркӯбиҳо ва тарси таъқиби мақомот, бархе фаъолон бо шиорҳое, чун "Озодӣ!" ва "Истеъфо!" дар боғи шаҳрии Боку, пойтахти Озарбойҷон, даст ба раҳпаймоӣ заданд.



Палатаи ҷамъиятӣ, ки мухолифини сиёсии Илҳом Алиев ва маъмурияти ӯро гирди ҳам овардааст, мегӯяд, ҳудуди 60 нафар боздошт шуданд. Хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ мегӯяд, пулис аз ҷумла духтараки панҷсолаеро низ, ки "Озодӣ!" гуфта, шиор мезад, дастгир кардааст.

БОЗДОШТИ ДАҲҲО ЭЪТИРОЗГАР

Алӣ Каримлӣ, раҳбари Ҷабҳаи мардумӣ, яке дигар аз ташаккулҳои мухолифини Озарбойҷон, дар ҳамин ҳол шумори боздоштшудагонро беш аз 100 нафар рақам мезанад: «Беш аз 100 тан аз фаъолонро ба ҳабс гирифтанд. Дар баъзе маконҳо онҳо тавонистанд шиор бизананд. Бо боздошт шудани беш аз 100 нафар касе гуфта наметавонад, ки раҳпаймоии мо ноком шуд.”

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, се хабарнигор аз Шветсия, ки ахиран ба хотири навиштани гузориш дар бораи вазъи иқтисодии Озарбойҷон ва равобити Боку бо Аврупо омада буданд, низ аз сӯи пулис боздошт ва баъдан ба идораи масъули хориҷиён супурда шудаанд.

Аммо Мубориз Қурбонлӣ, намояндаи ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷон боздошт шудани хабарнигоронро радд кард: “Ман бовар намекунам, ки хабарнигоронро фақат ба хотири пайгирии ҳаводис боздошт карда бошанд. Ман бовар надорам, ки хабарнигорон аз Шветсия дастгир шудаанд. Вале, албатта, ин хабар таҳқиқ хоҳад шуд.”

ОЁ ЭЪТИРОЗГАРОН НОКОМ ШУДАНД?

Мубориз Қурбонлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, журналистон “аз пашша фил месозанд” ва дар асл қасди мухолифин дучори нокомӣ шудааст. Ӯ афзуд, нишоне аз кадом эътирози алайҳи давлат ба назар намерасид ва сокинони Боку мухолифи раҳпаймоиҳои оппозисиюнанд.
Amnesty International, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, рӯзи 15-уми апрел аз давлати Илҳом Алиев даъват кард, ки “таъқиби тазоҳургарони осоиштаро бас кунад”...


Вале пулис ба ҳар сурат, дарвозаҳои Боғи шаҳриро баст ва мақомот дар роҳҳои асосие, ки ба сӯи боғ мебаранд, посгоҳҳову мошинҳои махсус ва кордонҳои пулисро гузошт, то монеъи ба маҳалли таҷаммӯъи худ расидани тазоҳургарон шаванд.

Мақомоти шаҳрдории Боку ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар роҳи равуои нақлиёт дар ин шоҳроҳҳо ба далели зиннат додани дарахтони сари роҳ чунин маҳдудият эҷод кардаанд.

Мақомот ҳамчунин талош доштанд, то монеъи филмбардории журналистон аз ин минтақа шаванд. Палатаи ҷамъиятӣ кӯшиш карда буд, то барои баргузории раҳпаймоии ахир иҷозати расмӣ бигирад, вале мақомот ба баргузории он танҳо дар канори шаҳр розӣ шуданд.

ТАЛАБҲОИ ИСЛОҲХОҲОНАИ МУХОЛИФИН

Мухолифини Озарбойҷон бо илҳом аз эътирозҳои ахири ҷаҳони Араб, ки ҳокимони умрдидаи Мисру Тунисро суқут дод ва раҳбарони Либияву Яман ва Сурияву Алҷазоир ва чандин кишвари дигари арабиро дар вазъи мушкиле андохтааст, дар ҳафтаҳои охир чандин бор талош карданд, алайҳи давлати Илҳом Алиев ташкили эътирозҳо кунанд, вале пулис ва нерӯҳои амниятӣ ба сурати сареъ пеши роҳи ин талошҳоро гирифтанд.

Мақомот бархе аз фаъолони Палатаи ҷамъиятиро ҳанӯз рӯзи 15-уми апрел ба ҳузур хонда, ҳушдор доданд, ки ҳар навъ тазоҳурот дар маконҳои хориҷ аз ҳудуди муҷоз бо зӯр пароканда карда шуда, бори масъулияташ бар дӯши худи онҳо хоҳад уфтод. Барои бархе аъзои дигари ин гурӯҳ дар арафаи раҳпаймоии 17-уми апрел маҳдудиятҳои маъмурӣ низ эҷод карданд.

Палатаи ҷамъиятӣ як рӯйхати ислоҳотеро, ки ин гурӯҳ таъқиб мекунад, ба нашр расондааст, ки интихоботи пеш аз вақт, таҳияи тарҳи нави Қонуни асосӣ, лағви монеаҳои ҳуқуқии муҷозотӣ дар роҳи ҳуқуқу озодиҳои аслӣ ва амсоли онро дар бар мегирад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG