Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Арабистони Саудӣ ба Эрон


Эътирози зидди Саудӣ дар Теҳрон

Эътирози зидди Саудӣ дар Теҳрон

Арабистони Саудӣ дирӯз таҳдид кард, ки дар ғайри сурати беҳбуди таъмини амнияти сафораташ дипломатҳои худро аз Эрон фаро хоҳад хонд. Муовини вазири хориҷаи Саудия шоҳзода Туркӣ бин Муҳаммад гуфт, агар “Эрон барои таъмини ҳимояти онҳо тадобири лозим наандешад” дипломатҳо берун кашида хоҳанд шуд. Донишҷӯёни эронӣ ахиран дар назди сафорати Саудия дар Теҳрон ба нишони эътироз ба таҷовузи низомии Риёз ба Баҳрайн ташкили тазоҳурот карданд. Эрон эъзоми нирӯҳои Саудӣ ба Баҳрайн барои кумак ба саркӯбии эътирози шиъаҳо алайҳи ҳокимони суннии ин ҷазиракишвари халиҷи Форсро ба таври мукаррар маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG