Пайвандҳои дастрасӣ

Се вазири собиқи Миср ба додгоҳ хоҳанд рафт


Рӯзҳои сахти Мубораку фарзандони ӯ ва аъзои давлаташ

Рӯзҳои сахти Мубораку фарзандони ӯ ва аъзои давлаташ

Се узви собиқи давлати Миср - сарвазири собиқ Аҳмад Назиф, вазири пешини умури дохила Ҳабиб Адлӣ ва вазири собиқи молия Юсуф Бутрос Ғолӣ – бо иттиҳоми фасод ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Додситони кулли Миср гуфт, ҳарсе вазири собиқ ба сирқати амволи давлатӣ айбдор мешаванд. Ин хабар ба дунболи боздошти чанд тан аз мақомдорони собиқи Миср, бо шумули раиси пешини ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак, нашр шуд. Ҳарду фарзанди Муборак –Ало ва Ҷамол – низ бо иттиҳоми фасод боздошт шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG