Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷористон соҳиби Қонуни нави асосӣ хоҳад шуд


Виктор Орбан

Виктор Орбан

Парлумони Маҷористон(Венгрия) имрӯз ба тарҳи нави Қонуни асосии ин кишвар райъ хоҳад дод. Ҳизби Фидетси сарвазир Виктор Орбан тағйиротеро пешниҳод кардааст, ба бовари ин гурӯҳ, раванди ислоҳоти демократии соли 1989, дар пайи фурӯпошии режими коммунистӣ шурӯъшударо бояд такмил кунад. Тарҳи нав салоҳиятҳои додгоҳи олӣ дар масоили будҷаро маҳдуд карда, ба раисиҷумҳур ҳаққ медиҳад, дар сурати то моҳи апрел тасвиб нашудани будҷа парлумонро мунҳал кунад. Аҳзоби мухолиф мегӯянд, райъгирии имрӯзаро бойкот хоҳанд кард. Ба бовари онҳо, ин тағйирот қудрати ҳизби ҳокимро таҳким хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG