Пайвандҳои дастрасӣ

Ромодановский лағви квотаҳоро пешниҳод кард


Константин Ромодановский

Константин Ромодановский

Раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия пешниҳод кардааст, ки аз эҷоди квотаҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ ва хатти муҷаввиз барои иқомати муваққат дар Русия даст бикашанд. Константин Ромодановский дар нишасти Шӯрои коршиносони Мактаби олии иқтисодӣ, ки масъулияти таҳияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русияро бар дӯш дорад, гуфт, мавонеъи зиёд дар роҳи дарёфти ҳаққи шаҳрвандии Русия майдонро барои фасод боз мекунад. Ӯ хостори башиддат содда кардани тартиби эътои шаҳрвандӣ ба хориҷиён шуд.
Бино ба оморҳо, аҳолии қобили кори Русия то соли 2030 қариб 11 миллион нафар коҳиш ёфт. Вале ба ҳисоби Мактаби олии иқтисодӣ, зарфияти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои таъмини бозори ба нирӯи корӣ ташнаи Русия кофӣ нест ва шумори муҳоҷирон аз Узбакистон то соли 2020 ҳадди аксар 4 миллион ва аз Тоҷикистон 1,6 миллион нафар хоҳад шуд. Дар чунин шароит, ба бовари ин ниҳод, Русия мулзам аст нирӯи лозими кориро аз кишварҳои дуртаре, чун Афғонистону Ҳинд ва ҳатто Бангладеш ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG