Пайвандҳои дастрасӣ

Николич ба бемористон бурда шуд


Николич дар хаймаи гуруснанишиниаш дар парлумон

Николич дар хаймаи гуруснанишиниаш дар парлумон

Раҳбари мухолифини серб Томислав Николич дар рӯзи дуввуми гуруснанишиниаш дар бинои парлумон бо талаби интихоботи пеш аз вақт ба бемористон мунтақил шуд. Хабаргузории “Бета” навишт, Николич, ки аз субҳи шанбе дар пайи раҳпаймоии ҳудуди 50 000 тан аз тарафдоронаш аз истеъмоли ғизову об даст кашидааст, ба бемористон бурда шуд. Дирӯз раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич ба таври ғайриинтизор аз парлумон боздид кард. Тадич гуфт, ба Николич пешниҳод кард, ки гуруснанишиниро бас кунад. Аммо ӯ мукарраран гуфт, интихоботи пеш аз вақтро танҳо дар пайи тасвиби номзадии Сербистон ба узвияти ИА, ки қарор аст, дар тирамоҳ воқеъ шавад, даъват хоҳад кард. Николич ва тарафдоронаш давлатро ба мушкилоти иқтисодӣ ва фасод айбдор карда, ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат исрор меварзанд.
XS
SM
MD
LG