Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи чоруми бомббори Мисрота


Чирикиҳои Либия мегӯянд, нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ 4 рӯз боз шаҳри Мисротаро шадидан бомббор мекунанд. Сухангӯи чирикиҳо Абдулбосит Мезериқ гуфт, субҳи якшанбе дар ин пойгоҳи асосии мухолифини Қаззофӣ дар ғарби Либия дастикам 6 нафар кушта ва 47 тани дигар захмӣ шудаанд. Мисрота, севвумин шаҳри бузурги Либия,қариб 7 ҳафта боз дар муҳосираи нирӯҳои Қаззофист.
Бовар меравад, ки тайи ин муддат дар Мисрота садҳо нафар кушта шуда бошанд. Чирикиҳо мегӯянд, нирӯҳои НАТО бояд ба хотири дифоъ аз 300 000 сокини шаҳр кори бештар кунанд. Мақомоти Либия бомббор шудани Мисрота аз сӯи нирӯҳои давлатиро радд карда, мегӯянд, алайҳи шибҳанизомиёни марбут ба Ал-Қоида, ки тахриби кишварро ба ҳадаф доранд, меҷанганд.
XS
SM
MD
LG