Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Озарбойҷон рӯзи якшанбе ба хотири пароканда сохтани тазоҳуроти мухолифин дар Боку аз нирӯ истифода бурд. Бино ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, садҳо нафар бо шиорҳои “Озодӣ!” ва “Истеъфо!” ба кӯчаҳои пойтахти Озарбойҷон рехтанд, вале пулиси либоси мулкӣ дар тан бисёрии онҳо, бо шумули ҳатто як духтараки панҷсоларо боздошт кард. Палатаи ҷамъиятӣ теъдоди боздоштшудагонро то 60 нафар рақам мезанад. Вале Алӣ Каримлӣ, раҳбари Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон гуфт, дар ҷараёни тазоҳурот беш аз 100 нафар дастгир шудаанд.
Пулис ба хотири гирифтани пеши роҳи тазоҳуроти алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Илҳом Алиев боғи шаҳриро баст. Аз 12 март ба ин сӯ дастикам бори севвум аст, ки пулиси Озарбойҷон бо истифода аз нирӯ монеъи баргузории эътирозҳои зидди давлати Алиев мешавад. Мақомот ба Палатаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки эътирози рӯзи 17 апрелро дар берун аз Боку доир кунад.
XS
SM
MD
LG