Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои халиҷ дахолати Эронро маҳкум мекунанд


Эътирози дирӯзаи зидди подшоҳи Саудӣ дар Теҳрон

Эътирози дирӯзаи зидди подшоҳи Саудӣ дар Теҳрон

Кишварҳои халиҷи Форс Эронро ба дахолат дар умури минтақа ба хотири “киштани тухми беназмӣ ва тахрибкорӣ” айбдор карданд. Вузарои Шӯрои ҳамкории халиҷ дар нишасти Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, аз ҷомиаи байналмилалӣ ва СММ даъват карданд, то ба манзури хатми иқдомҳои Эрон “тадобири лозим” биандешанд. Шӯрои ҳамкории халиҷ, ки Саудия, Баҳрайн, Уммон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабро фаро мегирад, гуфт, “ҳар навъ дахолати хориҷӣ дар умурашро қотеъона радд карда, режими Эронро ба қатъи иғвоҳояш даъват мекунад.”
XS
SM
MD
LG