Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атовулло Рақибов боздошт шуд


Кӯдакони бехонамондаи А.Рақибов
Кӯдакони бехонамондаи А.Рақибов
Атовулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзобод, ки 3 сол боз бо мақомоти ин ноҳия бар сари як қитъа замин ва тахриби манзилаш моҷаро дошт, шаби шанбе боздошт шудааст. Шариф Рақибов, бародари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Атовуллоро маъмурони милиса дастгир кардаанд ва ӯ феълан дар боздошт қарор дорад. Додгоҳи ноҳияи Файзобод рӯзи 13 апрел ҳукми ҳабси Атовулло Рақибовро бо иттиҳоми мамониат ба раванди додгоҳ ва сарпечӣ аз иҷрои қарори мақомот содир кард. Атовулло Рақибов алайҳи тахриби манзилаш, ки ба даъвои мақомот, ғайриқонунӣ сохта шудааст, 3 сол боз мубориза мебарад ва ба ин манзур ҳатто дар назди идораи омбудсмени Тоҷикистон ду дафъа гуруснанишинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG