Пайвандҳои дастрасӣ

Буҳрони Фукушима то 9 моҳи дигар рафъ хоҳад шуд


Дидори Клинтон бо императори Ҷопон Акиҳито

Дидори Клинтон бо императори Ҷопон Акиҳито

Ширкати нирӯи барқи Токио(TEPCO), масъули фаъолияти нирӯгоҳи аз заминларза ва тсунамии 11 март осебдидаи Дайчӣ дар вилояти Фукушимаи Ҷопон гуфт, интизор дорад, ин буҳронро то поёни соли ҷорӣ комилан рафъ кунад ва таҳти назорат биорад. Тсунеҳиса Катсумата, раҳбари TEPCO гуфт, ширкати ӯ қодир аст, низоми сардкунандаи нирӯгоҳро то 3 моҳи дигар барқарор кунад, ки ин ҳаҷми хуруҷи маводи радиоактивиро коҳиш хоҳад дод. TEPCO тайи аз 3 то 6 моҳи баъдӣ талош хоҳад кард, то хуруҷи радиатсияро аз нирӯгоҳи Фукушима батамом қатъ кунад. Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки аз Ҷопон дидан кард, дар мулоқот бо сарвазири ин кишвар Наото Кан ва император Акиҳито ва ҳамсари ӯ Мичико ҷиҳати ҳимояти Амрико аз талошҳои Токио дар роҳи рафъи авоқиби офоти ахири табиӣ тааҳҳуд супурдааст.
XS
SM
MD
LG