Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: "Ҷопонро танҳо намегузорем."


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико

Вазири умури хориҷии Амрико дар Токио буд, то ҳимояти кишвараш аз Ҷопонро намоиш бидиҳад.

Ҳилларӣ Клинтон дигарбора ба азми кишвараш дар амри кӯмак ба барқарорсозии манотиқи вайроншудаи Ҷопон таъкид кард.
Фалокати табиӣ ҳамчунин иқтисоди Ҷопонро низ бенасиб нагузошт, ки севумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аст...


Заминларзаи нерӯманд ва сунамии баъди он дар рӯзи 11 марти соли ҷорӣ, 28 ҳазор нафарро дар Ҷопон кушт ва як нерӯгоҳи барқи атомиро нимавайрон кард, ки зоҳиран барои барқарор кардани он тақрибан як соли дигар лозим мешавад.

Ҳилларӣ Клинтон дар боздиди кӯтоҳаш аз Токио ибрози итминон кард, ки Ҷопон ин фалокатро пушти сар хоҳад кард ва аз ин шарики муҳими Амрико дар Осиё хост, то дар саҳнаи байналмилал ҳамчунон фаъол бимонад.

ИТМИНОНИ АМРИКО

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико бо императори Ҷопон Акиҳито дар Токио
Вазири умури хориҷии Амрико дар як нишасти хабарии муштарак бо Такеакӣ Матсумото, ҳамтои ҷопонии худ гуфт: "Мо итминони комил дорем, Ҷопон, устувориеро, ки дар ҷараёни ин бӯҳрон нишон дод, дар моҳҳои оянда низ нишон хоҳад дод ва мавқеи қавиеро, ки шумо ҳоло дар арсаи ҷаҳонӣ доред, аз сар хоҳед гирифт."

Хонум Клинтон ҳимояти кишвараш аз Ҷопонро дар мулоқоташ бо нахуствазир Наото Кан баён дошт.

Хисороти ворида ба иқтисоди Ҷопон ҳаҷми бесобиқаи 300 миллиард долларро ташкил додааст. Пас аз фурсати кӯтоҳе аз сӯҳбати хонум Клинтон, ширкати ТЕПКО, ки нерӯгоҳи Фукушимаро дар ихтиёр дорад, гуфт, умед дорад, системаи сардсозии нерӯгоҳро дар муддати аз 6 то 9 моҳ ба кор андохта ва вазъ дар онро ба эътидол биёрад.

ФАЛОКАТЕ, КИ БА САРИ ҶОПОН ОМАД...


Фалокати табиӣ ҳамчунин иқтисоди Ҷопонро низ бенасиб нагузошт, ки севумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аст. Ҳилларӣ Клинтон, ки ӯро Томас Доноҳю, раиси Утоқи тиҷоратии Амрико ҳамроҳӣ мекард, шаҳрвандони кишварашро ташвиқ намуд, ки кору сафар ва сармогузорӣ дар Ҷопонро идома диҳанд.

Ӯ гуфт, ду кишвар барои таъсиси як ниҳоди нимахусусӣ ва давлатӣ мувофиқат карданд, то бо ҳидояти ҳукумати Ҷопон сармоягузорӣ дар амри корҳои барқарорсозиро ташвиқ намояд: "Мо барномаҳои давлати Ҷопон барои барқарорсозиро меомӯзем ва бо машваратҳо роҳҳои беҳтарин ва муносиби кӯмакҳоямонро мушаххас хоҳем кард."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, амалиёти “Томодачӣ”, яъне дӯстро иҷро мекунад, ки бар асоси он ҳазорон сарбоз, ҳавопаймоҳои низомӣ ва киштиҳои мустақар дар дохил ва ё наздикии Ҷопон дар амалиёти кӯмак ба манотиқи вайроншудаи шимолу шарқи он кишвар мусоидат мекунанд.

СИПОСГУЗОРИИ ҶОПОН

Такеакӣ Матсумото, вазири умури хориҷии Ҷопон гуфт, кишвараш аз ҳимояти Амрико бисёр сипосгузор аст.

Вай гуфт, "он чӣ ки мо дар ҳамкорӣ дар замони фалокат шоҳид шудем, зарурати ҳамкориҳо ва рафоқати Амрикову Ҷопон, аз ҷумла зарурати эътилофи амниятии Амрикову Ҷопонро нишон медиҳад. Ба эътиқоди ман ҳар як нафар, рафоқати нишондодаи нерӯҳои Амрикоро бисёр хуб эҳсос кард."

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ҳамчунин дар ҷараёни бозидаш бо императори Ҷопон Акиҳито ва ҳамсари ӯ Михико, дидору гуфтӯгу кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG