Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳри Аҷдабия шиллик мекунанд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба шаҳри Аҷдабия, ки дар дасти шӯришиён аст, бо тӯпхонаҳо ҳамла мекунанд. Ба гуфтаи табибон, дар ҳамлаҳои рӯзи шанбе ба ин шаҳр, ҳашт нафар кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ва шӯришиёни Либия мегӯянд, ба шаҳри нафтӣ ва бандарии Брега наздик шудаанд, ки дар дохили он нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ мавқеъ гирифтаанд. Бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қаззофӣ ба гурӯҳе аз шӯришиён, ки аз тариқи як шоҳроҳи ба самти шаҳри ғарбии Аҷдабия ҳаракат мекарданд, шаш нафари онҳо кушта ва 16 тани дигарашон маҷрӯҳ шудаанд. Айни ҳол бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳри муҳосирашудаи Мисрота дар ғарби Либия ба мушак ва хунпораандоз ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG