Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи тоҷик" мегӯяд, реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар тамоми манотиқи Тоҷикистонро лағв кардааст.

Бино ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик", аз рӯзи якшанбе, 17-уми апрел, ба дурдасттарин навоҳии Тоҷикистон низ 24 соат барқ дода хоҳад шуд.

Бархе мегуфтанд, ки барқро мақомоти Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон фурӯхтаанд. Бархеи дигар иддао менамуданд, ки оби обанбори Норак ба Узбакистон дода шудааст...


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, афзудани маҷрои об ба обанбори Норак ҳоло иҷоза медиҳад, ки ин нерӯгоҳ ба қадри кофӣ нерӯи барқ ҳосил кунад.

Вай афзуд, "ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш аз 500 мукааб метр дар ҳар сония зиёд шуда, сатҳи обанбор низ аз нуқтаи маъмулӣ боло аст."

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи тоҷик", ки барои ҷорӣ кардани лимити барқ дар фасли баҳор мавриди интиқоди расонаҳо қарор гирифта буд, дар муроҷиатномае ба мардум изҳори сипос кардааст, ки тӯли ин муддат ба ҳама сарусадо дар бораи барқфурӯшӣ ба Афғонистону Покистон дода нашудаанд.

Дар нимаи дувуми моҳи марти соли ҷорӣ сатҳи об дар обанбори Норак ба ин ҳад поин омада буд

Шурӯъ аз 21-уми март дар вилояту навоҳии кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд карда шуда, нахуст то се соат, сипас то як соат дар шабонрӯзӣ коҳиш дода шуд. Баъдан дар пойтахти кишвар низ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ҷорӣ карданд.

Ширкати "Барқи тоҷик" бо пахши як баёния аз мардум узрхоҳӣ карда ва хабар дода буд, ки бинобар кам шудани ҷараёни оби рӯдхонаи «Вахш» оби обанбори «Норак» ба нуқтаи садамавӣ расидааст.



Вале дар миёни аҳолӣ ҷорӣ шудани маҳдудият назарҳои мухталифро ба вуҷуд овард. Бархе мегуфтанд, ки барқро мақомоти Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон фурӯхтаанд. Бархеи дигар иддао менамуданд, ки оби обанбори Норак ба Узбакистон дода шудааст.

То кунун зиёни бебарқии як моҳи ахир ба иқтисоди Тоҷикистон расман ҳисоб нашудааст...


Намояндагони мақомоти масъули Тоҷикистон маҷбур шуданд бо баргузории нишастҳои хабарӣ ин овозаҳоро беасос шуморида ва имкони чунин рафторро номумкин арзёбӣ карданд.

Онҳо гуфтанд, ки сардиҳо ва яхбандиҳои рӯзҳои ахири зимистон пиряхҳоро аз об шудан боздошт ва ба ин далел оби рӯдхонаи Вахш кам шуд. Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик" ҳоло сатҳи оби обанбор аз нуктаи маъмулӣ боло рафта, тавони чархиши трубинаҳоро бештар кардааст.

Маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар тӯли тақрибан як моҳи ахир мунҷар ба коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти санотӣ дар кишвар шудааст.

Дар ин муддат ширкати ТАЛКО эълон кард, ки дар як рӯз то сад тонна истеҳсоли алюминиюмро кам кардааст. Ҳамчунин, дар вилояти Хатлон даҳҳо коргоҳи саноатӣ ё дари худро бастаанд ва ё ҳадди ақалл ба гурӯҳи бузурги коргарони худ рухсатии бемузд додаанд.

Бо ин ҳол, то кунун зиёни бебарқии як моҳи ахир ба иқтисоди Тоҷикистон расман ҳисоб нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG