Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия ба шаҳри Брега наздик шудаанд


Шӯришиёни Либия мегӯянд, ба шаҳри нафтӣ ва бандарии Брега наздик шудаанд, ки дар дохили он нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ мавқеъ гирифтаанд. Бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қаззофӣ ба гурӯҳе аз шӯришиён, ки аз тариқи як шоҳроҳи ба самти шаҳри ғарбии Аҷдабия ҳаракат мекарданд, шаш нафари онҳо кушта ва 16 тани дигарашон маҷрӯҳ шудаанд. Айни ҳол бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳри муҳосирашудаи Мисрота дар ғарби Либия ба мушак ва хунпораандоз ҳамла кардаанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, нерӯҳои Қаззофӣ дар ин шаҳр аз бомбҳои хӯшаӣ истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG